Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин ба оилаҳо таваллуди то се фарзанд иҷоза мешавад


Чин
Чин

Пас аз як назарпурсӣ дар Чин, ки собит кардааст аҳолии ин кишвар босуръат пир мешавад, ҳукумат ба оилаҳо таваллуди то се фарзандро иҷоза медиҳад.

Эълони мазкур рӯзи 31-уми май дар ҷаласаи Бюрои сиёсии Ҳизби ҳокими коммунисти Чин садо дод. "Синҳуа" бо нашри хабар гуфт, ки қарори нав дар ҳузури раҳбари Чин, Си Ҷинпин, эълон шуд.

Давоми чиҳил сол дар Чин сиёсати якфарзандӣ ҳукмрон буд. Ин яке аз шадидтарин қонунҳо дар заминаи танзими оила дар ҷаҳон мебошад, вале соли 2016 бо сабаби нигарониҳо аз пиршавии аҳоливу поинравии нишондодҳои иқтисодӣ бекор шуд.

Бо ин вуҷуд, омори таваллуд дар сол рӯ ба поин оварда, соли 2020 ба ҳадди рекордии 12 миллион нафар расид. Сатҳи таваллуд дар кишвар 1,3 дарсадро ташкил медиҳад, ки ҳамчунин аз мизони зарурӣ поинтар мебошад.

Бино ба омори расмие, ки моҳи гузашта нашр шуд, соли 2020 дар муқоиса бо солҳои 1960, дар Чин камтарин шумори шаҳрвандон таваллуд шудаанд ва ин барои кишваре бо азимтарин шумори аҳолӣ – 1,4 миллиард нафар – нишондоди кам будааст.

XS
SM
MD
LG