Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов дастур дод, ки мансабдорону раисони ширкатҳо азо гиранд


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Ба мансабдорони баландпоя ва роҳбарони ширкатҳои бузурги хусусӣ дар Туркманистон (мардҳо) амр дода шудааст, ки мӯйҳои сарашонро битарошанд ва аз кӯлоҳҳои суннатии туркманӣ истифода кунанд.

Ин иқдом ба унвони нишона аз азодорӣ аз марги падари раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов гирифта шудааст.

Маликқулӣ Бердимуҳаммадов, пулиси бознишаста, ки дар замони Шӯравии собиқ дар давлат кор мекард, рӯзи 18-уми апрел дар 88-солагӣ даргузашт.

Ҳамчунин ба он идда аз заноне, ки дар идораҳои давлатии Туркманистон кор мекунанд, дастур дода шудааст, ки либоси сиёҳу сафеди азодорӣ бипӯшанд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, пас аз марги падараш ҳафт рӯз дар маҳзари ом зоҳир нашуд.

Ӯ дар рӯзи миллии асп дар кишвараш, ки ҳамасола 23-юми апрел таҷлил мешавад, низ иштирок надошт. Ин маросимро писари ӯ Сардор Бердимуҳаммадов, дар мансаби муовини сарвазири Туркманистон ифои вазифа мекунад, мизбонӣ кард.

XS
SM
MD
LG