Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо дипломати Русия аз Чехия берун карда шуданд


Шуъбаи консулии сафорати Русия дар Прага
Шуъбаи консулии сафорати Русия дар Прага

Даҳҳо дипломати Русия ва хонаводаҳояшон аз шаҳри Прага, маркази Ҷумҳурии Чехия, берун карда шуданд. Дастури ихроҷи онҳо моҳи апрел содир шуда буд.

Бар асоси гузориши хабаргузории давлатии ТАСС, ҳавопаймои ҳомили 54 корманди сафорати Русия ва азои оилаи онҳо рӯзи 29-уми май аз Прага ба Маскав рафт. Дипломатҳои боқимонда рӯзи душанбе ба Русия мераванд.

Прага ба 63 дипломати рус дастур додааст, ки ҷумҳурии Чехро тарк кунанд. Ихроҷи ин миқдор дипломат бузургтарин рақам дар таърихи равобити ду кишвар ба шумор меравад.

Ин иқдом пас аз он оғоз шуд, ки Чехия мақомоти амниятии Русияро дар таркишҳои соли 2014 дар анбори аслиҳаи ин кишвар гунаҳкор донист. Дар ин таркишҳо чаҳор нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG