Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ 50 миллион доллар маблағи грантиро барои татбиқи ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Ин маблағ, ки рӯзи 28-уми май ба Тоҷикистон дода шуд, бо ҳадафи такмили Кодекси андоз, беҳтар кардани сатҳи андозситонӣ ва андозсупорӣ равона шудааст.
Ян-Питер Олтерс, менеҷери Бонки Ҷаҳонӣ дар як хабарнома, ки рӯзи 28-уми май нашр шуд, гуфтааст, “замоне ки ширкатҳо ва соҳибкорон ба ҷойи зиён дидан манфиат мебинанд ва вақте бо давлат ҳамкории дуруст мекунанд, бахши хусусӣ рушд карда, ҷойҳои нави корӣ зиёд мешавад ва замина барои андозсупории бештар пайдо мешавад."
Масъулони ин Бонк бар ин назаранд, ки дар сурати такмили Кодекси андоз ва фароҳам кардани шароити дуруст ба соҳибкорон вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон беҳтар хоҳад шуд.
Низоми андозбандии Тоҷикистон бино бар сарбории гаронаш рӯйи соҳибкорон борҳо мавриди интиқоди баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ гардидааст. Муҳаққиқони Донишгоҳи Тулейн дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи апрел ба натиҷа расиданд, ки сиёсати буҷаву андоз (молиёт) дар Тоҷикистон "боис ба афзоиши мизони фақру камбизоатӣ ва нобаробарӣ миёни қишрҳои аҳолӣ" мешавад.
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло тарҳи нави Кодекси андозро омода кардаанд, ки ба бовари онҳо кори тоҷирону сокинонро осон мекунад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон се бор Кодекси андозро иваз кард, аммо, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, ҳеч яке аз ин қонунҳо барои рушди соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам наоварданд.
Кодекси андозе, ки ҳоло амал мекунад, соли 2013 қабул шудааст ва, бино бар сарбориҳои гаронаш, ҳадафи танқиди соҳибкорон гашта, сол аз сол зарурати ислоҳи онро ба миён овардааст.
Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 2013 дар Тоҷикистон барномаи “Беҳтар кардани мудирияти андозситонӣ”-ро рӯи даст гирифт ва барои ҷорӣ кардани чунин ислоҳот ба кишвар ба ҷуз 50 миллион доллари ахир, дар гузашта 18 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашт додааст.