Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ширкатҳои давлатии Белорусро таҳрим мекунад


Фурудгоҳи Белорус
Фурудгоҳи Белорус

ИМА ба ширкатҳои давлатии Белорус барои ҳабси рӯзноманигор таҳрим ҷорӣ мекунад.

Ин тасмим дар вокуниш ба фуруди изтирории ҳавопаймои ширкати Ryanair ба хотири ҳабси сардабири пешини телеграм-канали NEXTA Роман Протасевич гирифта шуд. Ин ҳавопаймо аз Афина ба Вилнюс мепарид ва дар Минск маҷбур ба фуруди изтирорӣ шуд.

Ҷен Пескӣ, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 28-уми май гуфт, ки нӯҳ ширкати давлатии Беларус аз 3-уми июн таҳрим хоҳанд шуд.

Ӯ афзуд, ки ин ба хотири вокуниш ба амалкардҳои ҳукумати Белорус дар нисбат ба мардуми ин кишвар аст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин ҳукумати ИМА бо Иттиҳоди Аврупо таҳрими мансабдорони Белорусро, ки дар нақзи ҳуқуқи башар ва фасод даст доранд, дар назар гирифтаанд.

Шоми 23-юми май, ҳангоме, ки ҳавопаймои ширкати Ryanair аз болои ҳарими ҳавоии Беларус парвоз мекард, халабонҳо аз шаҳри Минск хабаре дарёфт карданд, ки дар он гуфта шуд, ки гӯё дар дохили ҳавопаймо як маводи тарканда ҷой шудааст ва ҳавопаймо бояд дар шаҳри Минск фуруд ояд. Баъди поин шудани ҳавопаймо аз дохили он журналисти мухолифи ҳукумат, сардабири пешини телеграм-канали NEXTA Роман Протасевич боздошт шуд. Зидди ӯ дар Беларус парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Иттиҳоди Аврупо ин иқдоми ҳукумати Белорусро "ҳавопайморабоӣ" хонда, хостори озодии фаврии Протасевич шудааст.

XS
SM
MD
LG