Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон роҳи алтернативӣ месозад


Kyrgyzstan - Construction of the Min-Bulak-Chorgo-AkSai road in the Batken district of the Batken region.

Дар вилояти Бодканд ба сохтмони роҳи алтернативӣ ба деҳаи Оқ-Сой оғоз кардаанд, ки он бе убури ҳудуди ҷамоати Ворухи Тоҷикистон, аз тариқи Мин-Булак-Чорго ба ин деҳа бояд расад.

Рӯзи 28-уми май Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон ба кори роҳсозон шинос шуд. Ӯ гуфт, ки роҳи нав ҳамчун роҳи алтернативӣ "аҳамияти стратегӣ" дорад.

Дарозии роҳи Мин-Булак - Чорго - Оқ-Сой 48 километрро ташкил медиҳад.

Дар хабарномаи расмӣ гуфта мешавад, ки кор дар дарозии 7 километри роҳ оғоз шудааст ва тарҳи сохтмони идомаи он аз тариқи роҳи куҳӣ барномарезӣ мешавад.

Роҳе, ки ҳоло вуҷуд дорад, қисман аз тариқи деҳаҳои тоҷикнишин убур мекунад.

Сохтмони ин роҳ пас аз муноқишаи рӯзҳои 28-29-уми апрел оғоз мешавад. Дар он муноқиша аз ду ҷониб беш аз 50 нафар ҳалок шуд ва зиёда аз 200 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ҷонибҳо ҳамдигарро барои сар задани муноқиша гунаҳкор медонанд.

XS
SM
MD
LG