Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифои Тоҷикистон: нақшаи даъват ба артиш иҷро шуд


Наваскарон саф кашидаанд. Душанбе, апрели соли 2019
Наваскарон саф кашидаанд. Душанбе, апрели соли 2019

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 28-уми май гузориш дод, ки нақшаи даъвати баҳории имсола ба хидмат дар артиш 100 фоиз иҷро шудааст. Вале расман маъракаи даъват то 31-уми май идома хоҳад кард. Сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст ҳафтаи оянда дар назди вазорат бо иштироки масъулин ва комиссариатҳои ҳарбӣ чигунагии баргузории маъркаи даъвати имсола натиҷагирӣ шавад. Даъвати баҳорӣ дар шароите ба поён мерасад, ки аз оғози мавсим дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикояту наворҳои зиёде аз сарбозшикор ваё ҷалби маҷбурии ҷавонон ба хидмат нашр шуданд. Вале дар аввали моҳи ҷорӣ Додситонии кулли Тоҷикистон ба муроҷиатномаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар мавриди хотима бахшидан ба облава посух дода гуфт, ки дар кишвар чунин ҳолат ҷой надорад ва аксари наворҳо беасосанду ба маъракаи даъват марбут нестанд.

XS
SM
MD
LG