Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон панҷ гузаргоҳи марзиро барои берун шудани шаҳрвандони Тоҷикистон номбар кард


Деҳаи Хистеварз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир аст
Деҳаи Хистеварз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир аст

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон руйхати гузаргоҳҳоеро эълон кард, ки тариқи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд хоки ин кишварро тарк намоянд. Ба қавли хадамоти матбуоти вазорат, бинобар маҳдудиятҳои муваққатӣ зодагони Тоҷикистон танҳо тавассути 5 гузаргоҳи "Кулунду", "Қайрағоҷ", "Қизил-Бел", "Бордобо" ва "Қарамиқ" имкон доранд аз қаламрави Қирғизистон берун шаванд. Дар ин вазорат таъкид кардаанд, ки маҳдудият ба тоҷиконе, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд, дахл надорад. Рӯзи 26-уми май, баъди он ки мақомоти қирғиз ба мусофирони ҳавопаймои «Сомон-Эйр» иҷозати фуруд дар фурудгоҳи Бишкек надоданд, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост ба Қирғизистон нараванд. Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон нагуфтаанд, ки оё марзро мебанданд ё не.

Баъди муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28-29-уми апрели имсол, ки бо ҳалокати даҳҳо нафар аз ҳарду тараф анҷомид, дар равобити ду ҳамсояи наздик таниш ба вуҷуд омадааст.

XS
SM
MD
LG