Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде, ки дар Самарқанд занашро бо зарби каланд кушт, 18 сол гирифт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Пойариқи вилояти Самарқанди Узбекистон як марди 30-сола "ба далели доғдор шудани ғурураш" ҳамсарашро бо каланд то лаҳзаи марг задааст.

Аз маркази матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон хабар доданд, ки ҷанҷоли ин ҷуфт баъди тӯл кашидани таъмири хона сар задааст. Ҳангоми ҷанҷол зан бо дастаи каланд ба китфи шавҳараш задааст. Мард аз ин ҳолат эҳсоси шикасти ғурур карда, бо каланд ба фарқи сари ҳамсараш задааст.

Мард ҳангоми ба замин афтидани ҳамсараш латту кӯби ӯро идома додааст.

Мард баъди ин ҳодиса ба пулис ҳозир шуда, ба латту кӯби ҳамсараш иқрор шудааст.

Додгоҳ мардро дар марги ҳамсараш гунаҳкор дониста, ӯро ба муҳлати 18 сол зиндонӣ кард.

XS
SM
MD
LG