Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бохтар Фуд-2021". Cодироти бештари меваву сабзавот аз Хатлон ба хориҷа


Намоишгоҳи “Бохтар Фуд-2021” бо мусоидати Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико сурат гирифт
Намоишгоҳи “Бохтар Фуд-2021” бо мусоидати Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико сурат гирифт

Дар маркази Хатлон, калонтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон, як намоишгоҳе оғоз ёфт, ки ҳадафи он содироти бештари меваву сабзавот аз инҷо ба хориҷаи дуру наздик аст.

Дар ин вилоят солона садҳо ҳазор тонна мева ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ истеҳсол мешавад, вале ба сабаби тарғиботи кам, ё надонистани роҳҳои тиҷорат ҳазорон тоннаи он дар дохил мемонанд ва ё вайрон мешаванд.

Намоишгоҳе барои ҷалби харидорони хориҷӣ ба молу маҳсулоти кишоварзони Хатлон 25-уми май дар шаҳри Бохтар оғоз ёфт ва 200 ширкату тавлидгарон аз вилоятро ҷамъ овард.

Исмоил Қосимов, асалпарвар аз Бохтар, мегӯяд, “мақсади мо муаррифӣ кардани асали Бохтар дар ҷаҳон аст. Барои меҳмонон асали кӯҳӣ ва асал барои муолиҷа овардем, то донанд, ки дар Тоҷикистон ҳамингуна асалҳо будааст."

Намоишгоҳи “Бохтар-фуд-2021” бо мусоидати USAID, Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико, сурат гирифт, ки гуфт, ингуна намоишгоҳу афзоиши тиҷорат субот дар Осиёи Марказиро тақвият мекунад.

Хатлон вилояти аслии кишоварзии Тоҷикистон аст. Саботулло Музаффаров, коршиноси соҳаи кишоварзӣ, мегӯяд, “тамоми маҳсулоте, ки дар Хатлон парвариш меёбанд, нисбат ба минтақаҳои дигар сифати волотар доранд. Аз ҳисоби иқлим, қанди зиёд ва зоҳири зебо доранд. Биноан бовар дорам, ки тамоми маҳсулоти Хатлон қобилияти содиротӣ доранд.”

Содироте, ки ба сабаби пандемияи СОVID-19 ва манъи рафтуомад, байни кишварҳо дар як соли гузашта камтар шуд.

Комилҷон Ғиёсиддинов, асалпарвар аз Хуҷанд, гуфт: “Содирот ба хориҷ ҳоло кам аст, фақат дар дохил мефурӯшем. Содирот намешавад.”

USAID мегӯяд, бо вуҷуди маҳдудиятҳо тоҷироне, ки созмон ба онҳо кумак кардааст, содироташонро дар соли гузашта 40 дар сад зиёд кардаанд. Аз ҷумла, ба бозорҳои нав.

Саботулло Музаффаров, коршиноси соҳаи кишоварзӣ, гуфт, “маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон асосан ба Қазоқистон ва Русия содирот мешуданд. Хушбахтона, бо хуб шудани муносибатҳо бо Узбекистон, ба Узбекистон хеле зиёд маҳсулот содир мешавад. Ва тавассути минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба Афғонистони ҳамсоя ва Ҷумҳурии Исломии Покистон низ содирот мешавад. Барои мисол, дар соли гузашта қисми зиёди пиёзи барвақтии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Покистон ва Қазоқистон содирот шуд.”

Дар ин намоишгоҳ чанд қарордоди нав, аз ҷумла қарордод барои содироти 1000 тонна ангур ба Русия ва содироти пиёз бо арзиши тақрибан 1 миллион доллар ба Қазоқистон имзо шуд.

Кишоварзӣ тақрибан нисфе аз иқтисоди Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва 46 дар сади нерӯи корӣ дар ҳамин соҳа кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG