Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко дар посух ба интиқодҳо гуфт, Ғарб "хати сурхро убур кардааст"


Матбуоти беларусӣ навишт, ки фуруд овардани ҳавопаймои ширкати Ryanair бо амри шахсии Александр Лукашенко сурат гирифт
Матбуоти беларусӣ навишт, ки фуруд овардани ҳавопаймои ширкати Ryanair бо амри шахсии Александр Лукашенко сурат гирифт

Раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко гуфт, Ғарб бо вокунишаш ба фуруд овардани ҳавопаймои шаҳрвандӣ ва ҳабси журналисти оппозитсионӣ “хати сурхро убур кард”. Бисёр раҳбарони ҷаҳон амали мақомоти беларусиро маҳкум карданд, ки рӯзи 23-юми май ҳавопаймои ширкати Ryanair-ро, ки аз Атен ба Вилнюс парвоз мекард, дар шаҳри Минск фуруд овард ва журналистро ҳабс кард. Журналист Раман Пратасевич ва дӯстдухтари руси ӯ, ки дар дохили ҳавопаймо буданд, билофосила ҳабс шуданд.

Матбуоти давлатӣ гузориш дод, ки шахсан Лукашенко амр дод, ки ҳавопаймо поин оварда шавад. Беларус гуфт, ки гӯё хабаре дар бораи ҷой шудани бомба дар дохили ҳавопаймо дарёфт кард, вале ин хабар баъдан дурӯғ баромад.

Ин ҳодисаро кишварҳои ғарбӣ “ғасби давлатӣ” номида фишорҳои худро болои ҳукумати Беларус бо талаби озод кардани Пратасевич ва София Сапега афзоиш доданд. Ин дар ҳолест, ки баъди саркӯбҳои эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи президентии Беларус ва ҳабсу шиканҷаи ҳазорҳо нафар, Ғарбу Аврупо мақомоти Минскро таҳрим кардаанд.

Баъди ҳодисаи ҳавопаймо, Иттиҳоди Аврупо қарор кард, ки Беларусро дар инзиво қарор медиҳад ва ҳамакнун ба ҳавопаймоҳои беларусӣ фуруд омадан дар хоки Аврупо манъ асту ҳавопаймоҳои аврупоӣ аз ҳарими ҳавоии Беларус убур намекунанд. Даҳҳо ширкати ҳавоӣ, аз ҷумла, Air France, Lufthansa ва Singapore Airlines аллакай осмони Беларусро канор гузошта, аз роҳи дигар парвоз мекунанд.

Қарор аст, рӯзи 26-уми май Шӯрои амнияти СММ пушти дарҳои баста масъалаи Беларусро ба баррасӣ бигирад, вале дипломатҳо гуфтанд, ки бо сабаби пуштибонии Русия аз Лукашенко эҳтимол аст, ки аъзои ин шӯро ба нашри изҳороти муштараки маҳкумкунанда омода шаванд.
Интиқоду маҳкумиятҳои ҷаҳонии ҳодисаи фуруд овардани ҳавопаймо дар Минскро ҳам дар Маскав ва ҳам дар Минск рад карданд ва гуфтанд, ки Беларус дар доираи қонун амал кардааст.

Ба Пратасевичи 26-сола дар Беларус бо иттиҳои ташкили беназмиҳои ҷамъиятӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG