Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: дар таҳхонае ҷасади ду бародари тоҷик пайдо шуд


Акси мурдахонае аз бойгонӣ
Акси мурдахонае аз бойгонӣ

Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав ба таҳқиқи марги ду бародари тоҷик пардохтааст. Ҷасади бародаронро, ки яке 20 ва дигарӣ 26 сол доштаанд, охири ҳафтаи гузашта дар як таҳхонаи сохтмони дуқабатае дар деҳаи Полушкинои вилояти Маскав пайдо карданд.

Фоҷеа ҳангоме рух додааст, ки дар ин бино корҳои сохтмонӣ идома дошт. Бародарони мардикор дар таҳхона ба девор резини обакӣ мекашиданд. Фарзияи пешакии марги ин ду бародар, ки номашон нашр намешавад, ин аст, ки эҳтимол ан онҳо аз буғу бухори маводи кимиёвӣ заҳролуд шудаанд. Матбуот менависанд, ки онҳоро баъди чанд соати марг бидуни ягон аломати марги маҷбурӣ ёфтаанд. Ҳоло ҷасадҳо барои гузаронидани ташхис дар сардхона нигоҳ дошта мешаванд.

XS
SM
MD
LG