Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА дар андешаи ҷазо додани Беларус барои "рабоиши" сатҳи давлатӣ аст


Раман Пратасевич
Раман Пратасевич

Раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳодисаи дар фурудгоҳи Минск маҷбуран фуруд овардани ҳавопаймои ширкати Ryanair ва боздошти журналисти мунаққиди ҳукуматро, ки савори ин ҳавопаймо буд, ҳамчун як ҳодисаи “рабоиши” ҳавопаймои тиҷоратӣ дар сатҳи давлатӣ маҳкум ва ба таҳримҳои нав даъват карданд. Урсула Вон дер Лейен, раиси Комиссиюни Аврупо дар остонаи ҷаласаи сарони Иттиҳоди Аврупо, ки 24-уми май барпо мешавад, ба сахттар кардани таҳримҳо алайҳи Беларус даъват кард. Дар як изҳороташ дар Твиттер шаби 23-юми май ӯ навишт, чунин “рафтори золимона ва ғайриқонунии режим дар Беларус паёмад хоҳад дошт. Онҳое, ки барои рабудани ҳавопаймои #Ryanair даст доштанд, таҳрим мешаванд”.

Раман Пратасевич, як фаъоли мухолифи ҳукумати Беларус ва журналисте, ки бо хатари то 15 соли зиндон рӯбарӯ аст, савори ҳавопаймои ширкати Ryanair аз Атени Юнон ба пойтахти Литва шаҳри Вилнюс парвоз мекард. Дар парвоз ба халабонҳо амр шуд, ки ба сӯи Минск парвоз кунанд.

Хабаргузории расмии БелТА гуфт, ки худи Лукашенко ба ҳавопаймои низомии MiG-29 амр дод, ки ҳавопаймои ширкати Ryanair-ро гӯё бо хабари таҳдиди вуҷуди бомба барои фуруд омадан дар Минск маҷбур кунад. Мақомот баъдан хабар доданд, ки ҳеҷ як маводи тарканда дар дохили ҳавопаймо пайдо нашудааст.

Баробари дар фурудгоҳи Минск поин шудани ҳавопаймо, Пратасевич ва дӯстдухтараш аз ҷониби полис боздошт шуданд. Ryanair гуфт, ки ҳавопаймояш чанд соат баъди ин ҳодиса рӯзи 23-юми май дар шаҳри Вилнюс фуруд омад.

XS
SM
MD
LG