Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони шаҳри Андиҷони Узбекистон аз мақомаш барканор шуд


Қурбоналӣ Аскаров, додситони шаҳри Андиҷони Узбекистон аз мақом барканор шуд. Фармони барканории ӯро додситони кулли Узбекистон рӯзи 21-уми май имзо кард.

Барканории Аскаров дар ҳолест, ки рӯзи 17-уми май ҳангоми ҷаласаи маҷлиси шаҳрии Андиҷон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бархе аз вакилонро кофтукоб карданд.

Аз Додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, ки Аскаров бо хоҳиши худ тарки мақом кардааст.

Ҳангоми ҷаласаи маҷлиси шаҳрӣ мақомоти қудратӣ бо кофтукоб кардани вакилон дахлнопазирии онҳоро халалдор карданд.

XS
SM
MD
LG