Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти хабарнигоре, ки эътирозҳои зидди Лукашенкоро бозтоб медод


Раман Пратасевич

Мақомоти Беларус аз дохили ҳавопаймое, ки ба таври изтирорӣ дар Минск фуруд омад, як хабарнигорро дастгир карданд. Раман Пратасевич аз тарафи ҳукумати худкомаи Александр Лукашенко таҳти ҷустуҷӯ буд.

Ҳавопаймои Ryanair 23-юми май бояд аз Афина ба Вилнюс мерафт, аммо баъд аз дарёфти хабари он ки дар дохилаш бомба гузоштаанд, дар маркази Беларус поин шуд. Бомбаро наёфтанд, аммо полис Пратасевичро дастгир кард. Маълум нест, хабари бардурӯғро кӣ додааст.

Дафтари Светлана Тихановская, раҳбари мухолифини Беларус, мегӯяд, ҳангоми гирифтани паём дар бораи бомба ҳавопаймо ба фурудгоҳи Вилнюс наздик буд, вале ба ҷойи он ба Минск рафт. Тихановская дар Twitter навишт, "режим ҳавопаймои Ryanair-ро барои нишастан дар Минск маҷбур кард, то рӯзноманигор ва фаъол Раман Пратасевичро боздошт кунад. Ӯро дар Беларус ҳукми қатл интизор аст. Мо озодии Раман, таҳқиқи Созмони Байналмилалии Авиатсияи Шаҳрвандӣ ва таҳримҳо ба зидди Беларусро талаб дорем."

Гитанас Науседа, раиси ҷумҳури Литва, гуфт, ин як "ҳодисаи бесобиқа" аст, ки ҳавопаймои мусофирбар, ки ба Вилнюс парвоз мекард, маҷбуран дар Минск нишаст. "Дар паси ин амали нафратовар изи режими Беларус ҳаст. Ман талаб мекунам, ки Роман Протасевич фавран озод карда шавад", -- навишт ӯ дар Twitter.

Раман Пратасевич масъули шабакаи Nexta-Live дар Телеграм буд. Ин шабака эътирозҳоеро, ки пас аз интихоботи баҳсбарангези президентии моҳи августи соли гузашта дар Беларус сар зад, ба таври густарда бозтоб медод.

Мақомоти Беларус моҳи ноябри соли гузашта гуфта буданд, ки рафтори Пратасевич ва Стсяпан Путсила, маъмури дигари Nexta-Live-ро бо гумони ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва иттиҳомҳои дигар тафтиш мекунанд.

Александр Лукашенко аз соли 1994 ҷилави қудратро дар Беларус ба уҳда дорад. Мақомот моҳи августи соли гузашта ӯро дигарбора ғолиби интихоботи президентӣ эълон карданд, аммо намояндагони мухолифин аз тақаллуби густурда шикоят карда, ба кӯчаҳо баромаданд.

Аз он замон то кунун беш аз 30 ҳазор кас дастгиру садҳо нафар латукӯб ва шиканҷа шудаанд. Рӯзноманигорон низ ҳадафи таъқиби Лукашенко ва ҳукуматаш қарор гирифтанд. Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз Беларусро "нуқтаи хатарноктарини Аврупо" барои журналистон номидааст.

Додгоҳи шаҳри Минск моҳи октябри соли гузашта канали Nexta-Live ва рамзи онро экстремистӣ донист ва ба Вазорати иттилоот амр дод, ки дастрасӣ ба ин манбаи хабариро маҳдуд кунад. Пас аз он Nexta-Live ному рамзи худро иваз карда, Пратасевич ва Путсила аз хавфи таъқиб аз кишвар фирор намуданд ва маҳалли будубоши онҳо маълум набуд.

Путсила дар моҳи октябр якҷо бо чанд фаъоли Беларус барои рушди озодии андеша дар соли 2020 ҷоизаи Порлумони Аврупоро ба даст овард.

Нерӯҳои амниятии Беларус рӯзи 21-уми май студияеро дар Минск, ки аз ҷониби телевизиони Лаҳистон истифода шудааст, мавриди тафтиш қарор доданд. "Белсат" гуфт, афсарон бо либоси мулкӣ ба студия даромада, шаш нафар, аз ҷумла чаҳор наворбардорро боздошт карданд. Ин шабака дар моҳи апрел таҳқиқотеро дар бораи муносибатҳои тиҷоратии келини Лукашенко нашр карда буд.

Полиси Беларус ҳафтаи гузашта санҷиши бузургтарин расонаи мустақили интернетии ин кишвар Tut.by-ро низ оғоз карда, хонаи муҳарриронашро кофтукоб намуд ва вебсайтро баст. Дар ҳамин ҳол, додгоҳи Минск рӯзи 21-уми май хабарнигореро барои инъикоси амалиёти полис ба зидди Tut.by ба 15 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.

Анҷумани рӯзноманигорони Беларус гуфт, ҳоло 27 корманди расона пушти панҷара ҳастанд ва ё мунтазири мурофиаанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG