Шаби 22 май, соати 21:00 ба вақти миёнаи Аврупо дар Роттердам сабқати ниҳоии Евровидение оғоз ёфта, зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин зери шумораи 5 таронаи худро иҷро хоҳад кард. Суруди ӯ дар байни 26 таронаи конкурсӣ дар Ютюб аз ҳама бештар, наздики 10 миллион бор дида шудааст, дар ҳоле ки таронаҳои дигар ин миқдор бинанда наовардаанд. Бино сафҳаи расмии озмун дар омори Ютюб ин ширкаткунандагон пешсафанд:
- Манижа Сангин (Русия) -- 9,8 миллион
- Go_A – Shum (Украина) -- 7,2 миллион
- Hurricane (Сербия) -- 5,0 миллион
- Efendi (Озарбойҷон) -- 4,3 миллион
- Elena Tsagrinou (Қибрис) -- 3,9 миллион
- Måneskin (Итолиё) -- 2,8 миллион
- Destiny (Молто) -- 2,3 миллион
- The Roop (Литвониё) -- 1,6 миллион
- Blind Channel (Финлонд) -- 1,2 миллион
Ҳунарпешагони дигар ба марзи як миллион бинанда нарасидаанд. Агар таваҷҷуҳи бинандагон дар шабакаи Ютюб ҳамчунин ҳангоми ройдиҳии онҳо дар ҷараёни озмун такрор шавад, ба эҳтимоли зиёд Манижа ғолиби Евровидение хоҳад шуд. Дар ин сабқат ба тарафдории бинандагон, ки бо фиристодани паёмакҳо баён карда мешавад, нақши ҳалкунанда мебозад. Манижа Сангин дар даври ниманиҳоии озмуни байналмилалии Eurovision шоми 18-уми май бо истиқболи гарми тарафдоронаш дар Тоҷикистону Русия рӯбарӯ шуд. Ҳарчанд ин ва пирӯзии пешинааш танқиду таҳқири бахше аз ҷомеа ва мақомоти Русияро ба бор овардааст.