Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров ва Блинкен: "Ихтилофҳо" вуҷуд дорад, аммо ҳамкориҳо бояд идома кунад


Энтони Блинкин ва Сергей Лавров, 19 май, 2021.
Энтони Блинкин ва Сергей Лавров, 19 май, 2021.

Сергей Лавров ва Энтони Блинкен, вазирони корҳои хориҷии Русияву Амрико рӯзи чаҳоршанбе барои нахустин бор пас аз сари қудрат омадани ҳукумати Ҷо Байден, дар Рейкявик --пойтахти Исландия мулоқот карданд.

Ба гузориши расонаҳои русӣ, Сергей Лавров пас аз ин мулоқот гуфтааст, ки бо Энтони Блинкен дар бораи масоили гуногун, аз ҷумла, масъалаи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея, вазъияти бозгашт ба созиши ҳастаӣ бо Эрон ва низ ваъияти Афғонистон, гуфтугӯ карданд.

Хабаргузории "Рейтерз" ҳам навишт, ки вазирони корҳои хориҷии Амрико ва Русия дар оғози ин мулоқот таъкид карданд, ки ҳарчанд миёни ду кишвар ихтилофи назар вуҷуд дорад, аммо ҳамкориҳо бояд идома ёбанд.

Энтони Блинкен дар оғози ин дидор дар Рейкявик гуфтааст, бо вуҷуди "ихтилофот"-и зиёд, дидгоҳи онҳо ин аст, ки агар раҳбарони Русия ва Амрико битавонанд бо ҳам ҳамкорӣ кунанд, ҷаҳон метавонд макони амнтаре бошад. Ба гузориши "Рейтерз", яке аз ҳадафҳои мулоқоти Энтони Блинкен ва Сергей Лавров, фароҳам кардани заминаи дидори эҳтимолии президентҳои Амрико ва Русия аст.

Вазири умури хориҷии Амрико дар идома ба ин нукта таъкид кардааст, ки Вашингтон хоҳони як робитаи "пойдор" бо Маскав аст, аммо агар Русия алайҳи Амрико, шарикон ва муттаҳидони онҳо амал кунад, ба он посух хоҳанд дод.

Сергей Лавров ҳам дар посух ба изҳороти Энтони Блинкин гуфт, "мо омодаем, ки бидуни истисо дар мавриди ҳама масоил музокира кунем, ба шарти он, ки чунин музокирот "содиқона" ва "бар асоси эътимоди дуҷониба" бошад.

"Рейтерз" мегӯяд, қабл аз мулоқот вазирони корҳои хориҷии ду кишвар мавзеъгириҳои тунде доштанд, ки ба назар мерасад кӯмаки чандоне ба коҳиши таниш байни Маскав ва Вашингтон накунад.

Энтони Блинкен пеш аз "Нишасти Қутби Шимол" дар Рейкявик аз ҳузури низомии Русия дар Қутби Шимол ҳушдор дода буд. Сергей Лавров низ дар вокуниш рӯзи душанбе гуфта буд, ки аз дербоз барои ҳама ба хубӣ рушан будааст, ки "Қутби Шимол қаламрав ва сарзамини мост".

Вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин Норвегияро муттаҳам карда буд, ки мехоҳад роҳи НАТО-ро ба Қутби Шимол боз кунад. Сергей Лавров изофа кард, ки "фаъолияти низомии Русия дар минтақа комилан қонунӣ аст".

Энтони Блинкен низ рӯзи сешанбе таъкид кард, ки Вашингтон хостори пешгирӣ аз "низомисозӣ"-и Қутби Шимол аст. Вазири корҳои хориҷии Амирко гуфт, "мо дар мавриди афзоиши фаъолиятҳои низомӣ дар Қутби Шимол нигаронӣ дорем".

Энтони Блинкен рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқот бо ҳамтои канадаии худ гуфт, ки Амрико моил аст минтақа ҳамчуни маконе барои ҳамкории сулҳомез дар масоиле монанди тағйири иқлим, илм ва рушди пойдор, ҳифз шавад.

XS
SM
MD
LG