Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Русия дар Душанбе аз "фаъол шудани террористон дар шимоли Афғонистон" гуфт


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз хоки Афғонистон, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия хостори рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии кишвараш бо Тоҷикистон шудааст.

Ӯ рӯзи 19-уми май пас аз мулоқоташ бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддини Муҳриддин дар Душанбе гуфт: "Амнияти муштараки мо ба вазъи Афғонистон бастагӣ дорад, дар ҳоле ки Амрико ва НАТО нерӯҳои худро аз хоки он берун мебаранд. Мо аз фаъолшавии созмонҳои байналмилалии террористӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нигаронем. Омодаем, ки дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи нашъаовар тамоми кумакҳоро ба Душанбе расонем."

Лавров афзуд, кишвараш дар фурсати наздик нақша дорад, барои бозсозии як нуқтаи марзӣ бо Афғонистон шартномаи байниҳукуматӣ ба имзо расонад ва онро маблағгузорӣ кунад.

Қарори берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар кишварҳои ҳамсоя, бахусус Тоҷикистон, нигарониҳоро ба бор овардааст.

Иёлоти Муттаҳида рӯзи 1-уми май расман ба берун бурдани низомиёнаш аз хоки Афғонистон оғоз кард ва ин раванд бояд то 11-уми сентябри имсол пурра ба анҷом расад.

Нигаронии вазири умури хориҷии Русия аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар шимолии Афғонистон дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон пайваста аз наздик омадани ҷангҷӯён ба наздикии сарҳади кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд, чун аз сирояти ноамнӣ ба Тоҷикистон бим доранд. Айни замон мегӯянд, ки нерӯҳои кишвар тавони муқобила бо ҳаргуна гуруҳҳои ифротгарову террористиро доранд.

Дар гузашта борҳо наворҳое аз ҳузури ифротгароёни тоҷик дар манотиқи наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон нашр шудаанд.

Марзи ду кишвар бештар аз 1300 километрро ташкил медиҳад ва бо вуҷуди кӯҳиву душворгузар будани бисёре аз қисматҳои он, гӯшаҳои осонгузаре дар ин марз вуҷуд дорад. Вале аз замони ҷанги шаҳрвандӣ ба ин сӯ ҳамлаи рӯйирости чунин гуруҳҳо ба қаламрави Тоҷикстон сабт нашудааст.

XS
SM
MD
LG