Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаи дувуми даргириҳои Ховари Миёна. Талошҳои дипломатӣ ба қатъи ҷанг натиҷа надодаанд


Ғаза, 17-уми май, 2021.
Ғаза, 17-уми май, 2021.

Даргириҳо миёни Исроилу фаластиниҳо вориди ҳафтаи дувум шуд ва талошҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ барои поёни ҷанг то ба ҳол бенатиҷа будааст. Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил шаби гузашта ба шаҳри Ғаза идома ёфт. Гурӯҳи "Ҳамос" ҳам ба мушакандозии худ ба шаҳрҳои Исроил давом дод.

Кохи Сафед мегӯяд, президент Ҷо Байден дар тамоси телефонӣ аз сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу хостааст, ки барои даст ёфтан ба оташбас талош кунад. Тибқи ин баёния, Амрикову Миср ва чанд кишвари дигар дар пайи коҳиши таниш ва қатъи хунрезӣ дар Ховари Миёна ҳастанд.

Мушовири амнияти миллии Амрико рӯзи душанбе гуфт, бо ҳамтои исроилии худ ва мақомоти Миср дар бораи қатъи даргириҳои мусаллаҳона байни Исроил ва Фаластин гуфтугӯ кардааст.

Амрико рӯзи душанбе бори севум монеи судури баёнияи Шӯрои Амнияти Созмони Милал шуд. Дар ин баёния аз даргириҳо байни Исроил ва фаластиниҳо ва кушта шудани ғайринизомиён "изҳори нигаронии амиқ" шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия аз тасмими ҳукумати Байден барои фурӯши аслиҳа ба Исроил интиқод кард. Ба гуфтаи манбаъҳо дар Конгресси Амрико, фурӯши эҳтимолии аслиҳаи пешрафта ба Исроил ба маблағи 735 миллион доллар тасдиқ шудааст.

Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки ин ниҳод рӯзи панҷшанбе барои баррасии даргириҳо дар минтақа, ки аз даҳ рӯз ба ин тараф идома дорад, нишаст доир мекунад. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони Нигерия ва Алҷазоир -- раҳбарони давраии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва Лигаи кишварҳои араб дар СММ бо таваҷҷуҳ ба печидагии вазъ дар минтақа, хостори баргузории ҷаласаи ошкори Маҷмаи умумӣ шудаанд.

Шӯрои амнияти СММ низ рӯзи якшанбеи гузашта барои баррасии ин буҳрон ҷаласа баргузор кард, вале ба натиҷае нарасид. Иттиҳоди Аврупо ҳам эълон кард, ки талошҳои дипломатӣ барои қатъи даргириҳо миёни Исроил ва фаластиниҳоро афзоиш хоҳад дод ва ин масъала дар нишасти рӯзи сешанбе вазирони корҳои хориҷии узви иттиҳоди баррасӣ мешавад.

Иттиҳоди Аврупо ҳамлаи Исроилро ба биное, ки дар он расонаҳои байналмилалӣ ҷойгир буданд, "ба шиддат нигаронкунанда" хонд.

Ба қавли сухангӯи раёсати ҷумҳури Фаронса, Эммануэл Макрон, дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ ба зарурати қатъи даргириҳо таъкид ва аз миёнҷигарии Қоҳира барои ҳалли ин буҳрон ҳимоят кардааст.

Вазири умури хориҷии Италия низ рӯзи душанбе ба зарурати поёни ҷанг таъкид кард ва гуфт, ин кишвар хостори баррасии бӯҳрони Ховари Миёна дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо шудааст. Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва раиси Шӯрои Аврупо низ дар рӯзҳои гузашта ба қатъи даргириҳо таъкид намуда, хостори ҳифозат аз ғайринизомиён шуданд.

Ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғаза аз 10-уми май то ин замон идома доранд. Гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил бештар аз 3 ҳазор мушак партоб карда, Исроил дар иваз бештар аз 1000 зарбаи дақиқ задааст.

Мақомоти Фаластин гуфтанд, аз 10-уми май то имрӯз дар Ғазза 192 кас, аз ҷумла 58 кӯдак ҷон бохтаанд. Дар Исроил дар натиҷаи зарбаҳои "Ҳамос" 10 кас фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG