Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳодисаи Деваштич панҷ нафар, аз ҷумла кӯдакон ҷон бохтаанд. АКС


Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҷо маҳалли ҳодиса аст

Атахон Қаюмов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Дастгоҳи ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ), ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асари кӯчидани теппаи хокӣ дар ин ноҳия 5 кас ҷон бохтаанд. "Ду нафар аз фавтидагон зан ва се нафари дигар кӯдакону наврасон ҳастанд", -- гуфт ӯ рӯзи 17-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Мақомот то ҳол ному насаби шахсони фавтидаро эълон накардаанд. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ду нафар аз фавтидагон занони 23-сола, се нафари дигар кӯдакони аз як то ёздаҳсола ҳастанд.

Ҳодиса баъд аз зуҳри 17-уми май дар ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич рух додааст. Мақомот гуфтанд, дар пайи боронгариҳои рӯзҳои охир теппаи хокӣ фурӯ рафта, ба хонаи сокинон даромадааст.

Дар аксҳое, ки манобеъ дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, дида мешавад, девори хона шикаставу бом фурӯ рафтааст.

Боронгариҳои ҳафтаи охир боис ба сар задани офатҳои табиӣ дар чанду шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуданд. Аз ҷумла, шаби 8 ба 9-уми май дар деҳаи Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 100 гектар замин ва 20 манзили мардум фурӯ рехт.

Рӯзҳои 11 ва 12-уми май ҳадди ақал дар понздаҳ шаҳру ноҳияи кишвар сел омад, ки дар пайи он 9 нафар ба ҳалокат расида ва даҳҳо манзил вайрон шудааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG