Энтонӣ Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико ва ҳамтои покистониаш Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дар як тамоси телефонӣ ҷараёни сулҳи Афғонистон ва ҷанги зидди терроризмро баррасӣ кардаанд.
Президенти Амрико Ҷо Байден моҳи апрел гуфт, ки то 11-уми сентябри имсол 2500 низомии амрикоиро аз хоки Афғонистон берун мебаранд.
Тавофуқи маъмурияти президенти собиқи Амрико бо Толибон ин буд, ки то 1-уми майи имсол нирӯҳои амрикоӣ хоки Афғонистонро тарк мекунанд. НАТО гуфт, бо айни ҳамин нақша кор карда, беш аз 7 ҳазор нирӯҳои эътилофиашро аз Афғонистон берун мебарад.
Департаменти давлатии Амрико шоми 16-уми май бо пахши изҳороте гуфт, дар сӯҳбати телефонӣ Блинкен ва Қурайшӣ ба "зарурати идомаи ҳамкорӣ дар ҷараёни сулҳи Афғонистон, пешрафти Покистон дар муқобила бо терроризм, инчунин, тавсеаи имконбахши ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату савдо ва ҳам беҳтар кардани иртибототи минтақавӣ дар Осиёи Ҷанубӣ" таъкид карданд.
Берун рафтани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон нигаронии баъзе аз кишварҳои минтақаро ба бор овардааст, ки дар сурати набудани созиши сулҳ бо Толибон оё нирӯҳои Афғонистон мустақилона тавони муқобила бо ин гурӯҳи шӯришиҳо хоҳанд дошт ё на.