Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идораи марзбонии Қирғизистон аз Тоҷикистон хост, "аз нашри маълумоти нодуруст пешгирӣ кунад"


Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.
Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар робита ба паҳншавии наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳорот нашр кард.

Ба иттилои ин ниҳоди Қирғизистон, рӯзи 14-уми май марзбонони қирғиз ҳангоми иҷрои вазифа мушоҳида кардаанд, ки "дар наздикии хати шартии марз манзили як шаҳрванди Тоҷикистон месӯзад". "Дар рафти гуфтугӯи телефонӣ мақомоти Тоҷикистон аз марзбонони Қирғизистон хостаанд, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз ташаннуҷи вазъ низомиёни қирғиз аз хатти шартии марз дуртар бурда шаванд", - хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон.

Рӯзи 15-уми май дар минтақаи Қараи ноҳияи Бодканди Қирғизистон мулоқоти намояндагони ду тараф баргузор шуд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ин мулоқот барои баррасии хабари расонаҳо дар бораи буридани дарахтони мевадиҳанда дар наздикии хати марз ташкил шуд.

"Дар рафти мулоқот ҷониби Тоҷикистон натавонист, ки далели бурида шудани дарахтонро исбот кунад", - хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Қирғизистон. Дар робита ба ин ниҳоди мазкур аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки "оташсӯзии манзили зистро бетарафона таҳқиқ ва аз паҳншавии хабарҳои беасосро дар бораи даст доштани шаҳрвандони Қирғизистон дар тахрибкорӣ пешгирӣ кунад".

Ҷониби Тоҷикистон ин изҳоротро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Гуруҳе аз сокинони як деҳаи сарҳадии ноҳияи Исфара мегӯянд, ки афроди ношинос аз тарафи Қирғизистон гузашта, як хонаеро дар деҳаи онҳо оташ задаанд. Марзбонони қирғиз ин иддаоро беасос хонда, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чунин ҳодисаеро сабт накардаанд. Шавкат Қаюмов, раиси маҳаллаи Лангари Хайробод дар ҷамоати Чоркӯҳ, рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса шаби 14-уми май сурат гирифтааст ва дар натиҷа хонаи Баҳром Ғафуров, сокини деҳа сӯхта ва чаҳор ҳуҷраи он нобуд шудааст.

Айни замон, ба гуфтаи ӯ, шахсони номаълум садҳо навниҳол дар мавзеи Сиёҳкӯҳро аз реша кандаанд. Ҳангоми ҳодиса касе дар хона набудааст ва ҳеч касе осеб надидааст. Дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар Бишкек ва раёсати он дар вилояти Ботканд дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чунин хабаре дар онҳо нест ва "ингуна ҳодиса дар марзро сабт накардаанд".

Зубайдулло Шомадов сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара бо нашри акс ва видеои хонаи сӯхта ва навниҳолҳо канда дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст: “Соати тақрибан 20: 10 дақиқаи 14-уми май манзили зисти Баҳром Ғафуров сокини маҳаллаи Лангари Хайробод оташ зада шуд, ки дар натиҷа чаҳор утоқи ин манзил нобуд шудааст”. Ӯ навиштааст, ки ин хона 100 метр дуртар аз минтақаи баҳсбарангези сарҳад қарор дорад.

Шавкат Қаюмов гуфт, ҳукумати шаҳри Исфара ваъда додааст, ки хонаи Баҳром Ғафуровро барқарор мекунад ва ҳамдеҳагон низ бо ҳашар дар таъмири хона кумак мерасонанд.

Пас аз муноқишаи охир моҳи апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон чунин ҳодиса то кунун сабт нашуда буд. Дар ин муноқиша, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Ба иттилои мақомоти қирғиз, дар Бодканд, 78 хона сӯхт, 189 кас маҷруҳ шуд ва 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд. 15 ҳазор нафар ба ҷойи амн куч дода шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон расман аз кушта шудани 19 нафар ва захмӣ шудани 87 нафар дар ин муноқишаи марзӣ хабар дод. Ҳамчунин ба иттилои Тоҷикистон дар ин даргириҳо 20 хонаи тоҷикон вайрон шудааст.

XS
SM
MD
LG