Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яҳудиёни бухороӣ Юлдуз Усмоноваро дар яҳудиситезӣ айбдор карданд


Юлдуз Усмонова, овозхони маъруфи Узбекистон
Юлдуз Усмонова, овозхони маъруфи Узбекистон

Ҷамъияти яҳудиёни бухороӣ дар Амрикову Исроил ба изҳороти овозхони узбекистонӣ Юлдуз Усмонова дар бораи низои Исроил бо Фаластин вокуниш нишон доданд. Намояндагони ҷамъиятҳои мазкур аз Усмонова талаб доранд, ки аз мардуми Исроил "барои ҳарфҳои яҳудиситезонааш" узр пурсад.

Усмонова рӯзи 13-уми май дар Инстаграм Исроилро "ғосиб" номид ва илова кард, ки "Исроилро давлат намеҳисобад". Ин овозхон ба мардуми Фаластин изҳори ҳамдардӣ кард ва гуфт, "дар сурати зарурат омодааст, барои Фаластин биҷангад".

"Мо мардуми Исроил мегӯем, ман онро давлат намеҳисобам. Зеро худашон хуб медонанд, ки ғосиб ҳастанд... Инсон дар зиндагӣ танҳо як маротиба мемирад. Агар зарур шавад, агар даъват кунанд, пас, мо ба ҷанг меравем. Бигзор ин фикрро надошта бошанд, ки мо танҳо машғули худ ҳастем. Агар зарур шавад, мо муттаҳид мешавем. Фаластиниҳо - қаҳрамонони мо ҳастанд. Онҳо он замин ҳифз ва барои он меҷанганд", -- навишт Усмонова.

Дар посух ба ин ҳарфҳо соҳибкор Алекс Бараев, ки дар Исроил зиндагӣ дорад, дар саҳифаи "Фейсбук" навишт, борҳо ба Усмонова кумак кардааст. Вай бо ёдоварӣ аз ёриҳояш аз Усмонова хост, ки аз мардуми Исроил узр пурсад.

Намояндаи дигари яҳудиҳои бухороии муқими Исроил Ефим Миратов навишт, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бояд Юлдуз Усмоноваро барои ин ҳарфҳояш аз унвони овозхони мардумӣ маҳрум созад.

Наргиза Шабанова, яҳудии бухороии дигар, ки дар Амрико зиндагӣ дорад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки барои вай "Юлдуз Усмоноваи овозхон вуҷуд надорад".

Вазъ дар Шарқи Наздик рӯзи 10-уми май бад шуд. Аз замони шурӯи хушунатҳо то ҳол дар миёни фаластиниҳо дар Ғазза 197 ва дар Исроил 10 нафар кушта шуданд. Президенти Амрико Ҷо Байден гуфт, маъмурияти ӯ бо фаластиниҳову исроилиҳо ба хотири дастёбӣ ба оромиши давомдор кор мекунад. Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил гуфт, амалиёти низомии Исроил дар Навори Ғазза "ҳар чи қадаре, ки зарур шавад, идома мекунад".

XS
SM
MD
LG