Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоҳир Расулзода барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба Узбекистон рафт


Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон субҳи 14-уми май барои ширкат дар ҷаласаи 8-уми байниҳукуматии комиссиюни ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Узбекистон вориди Тошканд шуд. Хабаргузориҳои расмии Узбекистон навиштанд, ки ин ҷаласа рӯзҳои 14 ва 15-уми май баргузор мешавад. Расулзода дар садри як ҳайати намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба Узбекистон сафар кардааст. Ҳанӯз матбуоти расмии Тоҷикистон дар ин замина хабаре нашр накардааст.

Дар чаҳорчӯби ин сафар, ба навиштаи https://www.uza.uz/, ошноӣ бо кори чандин корхонаҳои саноатии Узбекистон дар назар гирифта шудааст. Интизор меравад, ки дар поёни кори ҷаласаи комиссиюни ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Узбекистон созишномаҳои дуҷониба имзо мешаванд. Ҷузъиёти ин санадҳо ошкор намешавад.

Баъди сари кор омадани президент Шавкат Мирзиёев, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни ду ҳамсоя вусъат ёфт.

Бар асоси созишномаҳои дутарафа, Тошканду Душанбе шарикони стратегӣ ҳастанд. Соли 2019 мақомот гузориш доданд, ки дар қиёс бо соли 2014, табодули молу коло миёни Тоҷикистону Узбекистон якбора боло рафта, аз 13 миллион доллари соли 2014 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 баробар шуд. Ба навиштаи “Азия-Плюс”, бо сабаби пандемияву баста будани марзҳо, ин нишондод 7,8 дарсад коҳиш ёфт. Ба навиштаи манбаъ, ҳоло дар Тоҷикистон 51 ширкат бо сармояи узбекӣ ва дар Узбекистон 178 корхона бо ширкати сармояҳои тоҷикӣ кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG