Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби ҳукми зиндон барои гумонбарони бетартибиҳои Сатпаев


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Айбдоркунандаи давлатӣ барои баъзе аз гумонбарони бетартибии оммавие, ки шаби 24-уми июли соли 2020 баъди рабудан ва таҷовуз шудани як кӯдаки панҷсола дар шаҳри Сатпаеви Қазоқистон сар зад, ҳукми зиндон хост.

Додситон дар мурофиаи 12-уми май хост, 9 гумонбар ба муҳлати сесолӣ зиндонӣ шуда, 44 гумонбари дигар 4-солӣ ва ду каси дигар 1,5-солӣ шартан аз озодӣ маҳрум карда шаванд. Барои онҳое, ки ҳукми шартӣ хоста шудааст, бояд аз толори додгоҳ озод шаванд.

Шаби 24-уми июли соли гузашта беш аз 100 сокини шаҳри Сатпаев баъд аз шунидани хабари рабудан ва таҷовуз шудани кӯдаки панҷсола ба кӯча баромада, даст ба бетартибӣ заданд. Яке аз ҷамъшудаҳо шишаи хонаи марди гумонбарро шикаст ва дигарон аз пулис талаб карданд, ки вайро ба ихтиёри онҳо супоранд.

Ҷасади сокини 62-солаи шаҳри Сатпаеви Қазоқистонро, ки бо гумони рабудан ва таҷовуз кардани кӯдаки панҷсола боздошт шуда буд, рӯзи 6-уми октябр дар боздоштгоҳи муваққатӣ пайдо карданд. Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст.

Дар курсии айбдорӣ 54 нафар, аз ҷумла се ноболиғ нишастаанд. 44 гумонбар дар ҳабси пешакӣ буда, дигарон дар ҳабси хонагиянд ё ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карда шудаанд.

Ҷамъан дар бетартибиҳои мазкур 56 нафарро айбдор мекунанд. Ду каси онҳо таҳти пайгарди қонунӣ ҳастанд.

Мурофиаи додгоҳии ин афрод дар боздоштгоҳи мақомоти тафтишотии Қазоқистон баргузор шуда, рӯзноманигоронро ба далели маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ба онҷо роҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG