Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш: Сухангӯи сафорати Амрико дар Маскав "персона нон грата" эълон шуд


Назди сафорати ИМА дар Маскав
Назди сафорати ИМА дар Маскав

Дар миёни даҳ корманди сафорати Амрико дар Русия сухангӯйи сафорат Ребекка Росс ҳам "персона нон грата" эълон шудааст. Ӯ ҳам бояд ин кишварро тарк кунад.

Нашрияи "Коммерсантъ" навишт, ихроҷи Росс ва дипломатҳои дигар посух ба иқдомҳои Вашингтон мебошад.

"Коммерсантъ" бо такя ба як манбааш дар Вазорати корҳои хориҷии Русия навишт, номи Росс ба он хотир ба феҳрист ворид карда шуд, ки мақомоти амрикоӣ ним сол боз ба Маскав имкон намедиҳанд, то ҷойи холишудаи сухангӯи сафоратро дар Вашингтонро пур кунанд.

Ин манбаъ иддао кардааст, ки ҷониби амрикоӣ санадҳои номзадро ба гирифтани виза бидуни шарҳ баргардондааст.

Иёлоти Муттаҳида рӯзи 15-уми апрел бастаи нави таҳримҳоро нисбат ба Русия содир карда, гуфт, ин тасмим ба хотири дахолати Маскав ба интихобот ва дурӯғпароканӣ гирифта шудааст. Ба феҳрист номи 30 шаҳрванд ва ширкати Русия ворид гардидааст. Илова ба ин, бар асоси таҳримҳо, даҳ дипломати рус ҳам аз Амрико берун карда мешаванд.

Рӯзи 23-юми апрел мақомоти рус огоҳ карданд, ки дигар ба сафорати ИМА ба кор қабул кардани шаҳрвандони хориҷӣ имконпазир нахоҳад буд. "Коммерсантъ" ёдовар шудааст, ки айни чунин меъёрҳои маҳдудкунандаро Маскав соли 1986 ҳам ҷорӣ карда буд.

Он замон сафири Амрико то ҷойи кор бояд худаш мустақилона мерафт ва ҳамсараш низ ҳангоми ташкили меҳмониҳо худаш ба меҳмонҳо хидмат мекарду кормандони дигари сафорат дар ошхона, гараж ва боғ кор мекарданд.

XS
SM
MD
LG