Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Имсол зоирони тоҷик ба зиёрати Каъба мераванд"


Каъба
Каъба

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ хоҳанд рафт. Соли гузашта бо сабаби пандемияи коронавирус роҳ ба Арабистони Саудӣ баста буд.

Дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон рӯзи 12-уми май ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтаанд, имсол маросими ҳаҷ баргузор мешавад.

Ба қавли масъулони Кумитаи дин, шароити баргузории ҳаҷ то ҳол дақиқ нест ва рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд. Вале тибқи иттилои як манбаи огоҳ, имсол зоироне ба Арабистони Саудӣ сафар карда метавонанд, ки ваксинаи зидди COVID-19 гирифтаанд. Мақомот то ҳол расман ин маълумотро шарҳ надодаанд.

Солона аз Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор нафар барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Мақомот гуфтанд, имсол низ омори зоирин аз Тоҷикистон бетағйир аст.

Ҳамасола беш аз ду миллион мусулмон аз 180 кишвари ҷаҳон ба маросими ҳаҷ ба Маккаву Мадина мераванд. Ҳаҷ яке аз панҷ рукни ислом аст ва барои ҳар мусулмони тавоно як бор дар тӯли умр фарз аст.

XS
SM
MD
LG