Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, ки дар ҳамлаи рахнагарон ба лӯлаи сӯзишворӣ Русия ҳам ”як андоза масъулият дорад”


Анборҳои сӯзишворӣ дар масири лӯлаи Colonial Pipeline
Анборҳои сӯзишворӣ дар масири лӯлаи Colonial Pipeline

Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 10-уми май гуфт, ки дар ҳамлаи ҳакерӣ ё рахнагарон ба лӯлаи таъминкунандаи сӯзишворӣ Русия “як андоза масъулият дорад”. Ин ҳамла кори лӯлаи азими таъминкунандаи маводи сӯхтро дар ИМА фалаҷ кардааст. Айни замон Байден Кремлинро ба таври мустақим айбдор накард. Байден гуфт, ки далели дахолати ҳукумати Русия дар ҳамлаи рахнагарон ба лӯлаи Colonial Pipeline “дар даст нест”, вале шаҳодати он вуҷуд дорад, ки рахнагарон ё нармафзори тамаъкор “дар Русия” истифода шудааст. Байден гуфт, “Онҳо дар истифодаи он як андоза масъулият доранд” ва афзуд, ки ба эҳтимоли зиёд ӯ моҳи июн бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот хоҳад кард. Дар вокуниш ба изҳороти Байден сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков ба ТАСС гуфт, ки “Русия ҳеҷ дахле ба ин кор надорад”.

Чанде пеш Бюрои федеролии тафтишоти ИМА гуфт, ки ҳамлаи рахнагаронро шабакаи бо номи DarkSide анҷом додааст, ки соли гузашта пайдо шуда, ҳадафаш аз қурбониҳо тамаъ кардани пул мебошад. Коршиносони амнияти интернетӣ мегӯянд, ки эҳтимоли дар Русия ё қаламрави Иттиҳоди Шӯравии пешин ҷойгир будани ин гурӯҳ вуҷуд дорад, чун дар ин ҳавза хадамоти амниятӣ ин гурӯҳҳоро таҳаммул мекунад ва гоҳе ҳатто ба кор мегирад.

XS
SM
MD
LG