Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум дар Афғонистон аз бозгашти Толибон ба қудрат тарс доранд. ВИДЕО


Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҳамзамон бо берун рафтани нерӯҳои Амрико ва ҳампаймонҳояшон аз Афғонистон, ҳамлаву бомбгузориҳои афзоянда ва бим аз бозгашти Толибон ба сари қудрат афғонистониҳои зиёдеро нигарон кардааст.

Нур Аҳмад дар Кобул самбӯса мепазад ва барои ифтор ба мардум мефурӯшад ва парво надорад, ки кадом нерӯҳо ба қудрат меоянд ё мераванд. "Ба кору бори мо ягон таъсир надорад. На амрикоӣ аз мо мехӯрад, на хориҷӣ. Бо ҳамин афғонҳои худамон додугирифт аст. Таҳу боло кору бори мост. Шукр, мегузарад", -мегӯяд ӯ.

Амрико ва ҳампаймонҳояш расман ба баровардани нерӯҳояшон оғоз карданд ва масъулияти таъмини амниятро ба сарбозони афғон месупоранд. Баъзеҳо мисли Аҳмад парвое надоранд, вале ихроҷи нерӯҳо ҷамъияти бузурги кишварро такон дод.

Маҳбуба, сокини Кобул, мегӯяд, "тамоми хонумҳо аз ин бобат хеле нигаронӣ доранд. Мо, воқеан, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳиш мекунем, ки дар ин робита назари худро дошта бошанд, мутаваҷҷеҳи хонумҳо бошанд, ки мабодо сарнавишти мо мисли солҳои қабл шавад".

Дар аҳди Толибон дар солҳои 90-ум занони афғон аз ҳуқуқи одии инсонӣ маҳрум буданд. Баъди онҳо, пешрафти зиёде карданд. Занону духтарон дар бахшҳои гуногуни иқтисоду ҷомеа кор ва ҳам таҳсил мекунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъда додааст, ки баъд аз тарки нерӯҳои хориҷӣ низ Афғонистонро танҳо намегузорад.

Аммо Толибон ҳамлаҳо ба ҳукумату нерӯҳои амниятиро дар як соли гузашта зиёд карданд, музокироти ҳукумат бо онҳо низ аз ҳаракат бозмонд. Боварӣ ба нерӯҳои амниятии Афғонистону тавоноии онҳо ба муқобила бо Толибон кам аст.

Бисёриҳо, аз ҷумла мақомоти баландпояи Амрико метарсанд, ки ҷангҳо бештар мешавад ва, мумкин аст, баъзе аз шаҳрҳо ба дасти Толибон афтад. Ҳукумат саъй дорад, ин нигарониҳоро фурӯ нишонад.

Ҳафтаи гузашта ба хабарнигорон пойгоҳи нерӯҳои махсус ва ҳунари ҷангиашонро нишон доданд. Генерал Ҳайбатулло Ализода, фармондеҳи нерӯҳои махсуси Афғонистон гуфт, "мо айни чиз, даргириҳо, даргириҳои сахтро интизор дорем, вале барои он омодаем. Ин кишвари мост, то охир меҷангем ва мо ин террористҳоро аз Афғонистон нобуд мекунем"

Суханони оташини генерал ҷавонони Афғонистонро зиёд ором намекунад, чун ба қавли онҳо, ҳатто мусолиҳа бо Толибон мумкин аст, ҷомеаи Афғонистонро аз ҳуқуқи зиёд ва дастовардҳои 20-сола маҳрум кунад. Бадтар аз ин баъзеҳо нигаронанд, шояд ҷанги хунини дохилии соли 1990 такрор шавад, ки Толибонро ба қудрат овард.

Ҳарчанд зиндагии рузмарраи мардум дар Афғонистон давом дорад, аммо онҳо аз сарнавишти ояндаи кишвар дар тарсу ҳарос мебошанд.

Наворро дар ин ҷо тамошо кунед:

Мардум дар Афғонистон метарсанд, ки Толибон бармегарданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG