Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен гуфт, ИМА ироаи кӯмакҳои бештари низомӣ ба Украинаро баррасӣ дорад


6-уми май, Киев. Президенти Украина Владимир Зеленский ва котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен
6-уми май, Киев. Президенти Украина Владимир Зеленский ва котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, дархости мақомоти Киевро баррасӣ мекунанд, ки гуфтааст, ба хотири боздоштани тавсеаи хашини нирӯҳои Русия дар марз бо Украина ба ёрии бештари низомӣ ниёз дорад. Киев аз ИМА системаҳои дифои зиддимушакӣ ва фанновариҳои зиддиснайперӣ, инчунин имкони ҷойгир крадани мушакҳои навъи Patriot-ро дар хоки Украина дархост кардааст. Блинкен, ки рӯзи 6-уми май дар Киев бо президенти Украина Владимир Зеленский дидор кард, дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт:

«Пентагон – вазорати дифои мо як шарики аслии Украина мебошад. Ҳоло ин ниҳод андеша дорад, ки ба иловаи ёриҳои қобили мулоҳизае, ки то ҳол карда шудааст, аз ҷумла таҷҳизот, боз чӣ кӯмаке ба Украина карда метавонад. Баррасии ин масъала ба таври фаъолона идома дорад”.

То ҳол ИМА аз соли 2014 ба ин сӯ ба Украина дар ҳаҷми 5 миллиард доллар ёрии молӣ, башарӣ ва низомӣ, аз ҷумла силоҳи қавии зиддитонкӣ ироа кардааст. Соли 2014 Русия нимҷазираи Қримро ғасб ва аз ҷудоиталабон дар шарқи ин кишвар пуштибонӣ кард. Дар ҷангҳое, ки то ҳол идома доранд, беш аз 13 ҳазор нафар кушта шуданд. Ин нахустин сафари Энтони Блинкен ба Киев баъди ба мақоми котиби давлатии ИМА интисоб шудани ӯ ва дар марзҳои Украина мустақар шудани 100 ҳазор нирӯҳои русӣ мебошад. Блинкен гуфт, ки Русия ҳарчанд як қисми нирӯву техникаи низомиро берун кашидааст, боз ҳам бисёр чизҳо дар ҷояш мемонад ва ин чиз барои Украина хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

XS
SM
MD
LG