Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаи Ҳасан Акбаров, марзбони кушташудаи тоҷик, дар мотам нишастааст. ВИДЕО


Майрамбӣ Ҳасанова мегӯяд, пеш аз ҳодиса бо писараш телефонӣ суҳбат дошт

Хонаводаи Ҳасан Акбаров, марзбони 31-солаи тоҷик, барои баргузории тӯйи хоҳараш дар ноҳияи Фархор омодагӣ медиданд, вале марги ӯ ҳавлии онҳоро ба мотамхона табдил додааст.

Ба иттилои расмӣ, Ҳасан Акбаров ва ҳаждаҳ нафари дигар рӯзи 29-уми апрел дар задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Қирғизистон кушта шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ин ҳодиса 36 шаҳрванди ин кишвар ҷон бохтанд.

Шукрона Акбарова, хоҳари Ҳасан Акбаров, мегӯяд, мунтазири омадани бародараш буд, то тӯйи ӯро рангин кунад, аммо тобуташро оварданд.

Наздиконаш ҷасади марзбонро рӯзи 30-юми апрел дастрас карда, рӯзи 1-уми май дар деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор гӯрондаанд. Мақомот ваъда додаанд, ки барои ҳамсару ду фарзандаш манзили истиқоматӣ месозанд.

Ҳасан Акбаров
Ҳасан Акбаров

Майрамбӣ Ҳасанова, модари Ҳасан Акбаров, мегӯяд, пеш аз ҳодисаи ахири марзӣ бо писараш телефонӣ суҳбат дошт. "Бори охир соати 1 ба 2-и рӯзи 29-уми апрел гап задем. Кӯтоҳ гуфт, ки дар як ҷой ҳастему таваккалмон ба Худо. Гуфт, дар ҳаққам дуо кун. Ҳамин қадар гап зад, тамом", -- нақл кард ӯ рӯзи 6-уми май.

Ин сокини ноҳияи Фархор мегӯяд, аз сарнавишти баъдии писараш хабар надошт ва субҳи 30-юми апрел низ намедонист, ки тобути ӯ дар роҳ аст:

"Ба хонаи ҳамсоя рафта, гуфтам, ки шаб хоби бад дидам. Омада, ба арӯси хона гуфтам, камтар хамир кунад. Пахтаҳоро ба рӯйи ҳавлӣ баровардам, вале ҳамсояҳо омада ҷамъ карданд. Онҳо аз марги писарам аллакай хабар доштаанд."

Наворро дар ин ҷо бинед:

Дар хонаи Ҳасан Акбаров ҷойи тӯйро садои нола гирифтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Ҳасан Акбаров писари калонии оила будааст. Бародараш Идибой Акбарзода мегӯяд, онҳо якҷоя маслиҳат карда буданд, ки тӯйи хоҳарашро рӯзи 20-уми май баргузор мекунанд: "Гуфта буд, ба хоҳарам мошини дарздӯзӣ меорад. Ӯ барои мо ҳамчун падар буд."

Вай афзуд, дар тани бародараш ду захми тирро дидаанд. "Яке аз пушт дар тарафи дасти рост буд, дигаре дар зери дил. Ҳамкоронаш гуфтанд, ӯ ҳангоми муҳофизат аз раиси шаҳри Исфара тир хӯрдааст", -- нақл кард ӯ.

Ноҳияи Фархор
Ноҳияи Фархор

Ҳасан Акбаров, сокини деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор, аз соли 2011 дар сафи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хидмат мекард. Чаҳор сол пеш ӯро аз Душанбе ба ҷамоати Чоркӯҳ, марзи Исфара бо Бодканди Қирғизистон фиристоданд.

Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб 55 нафар куштаву 276 кас захмӣ шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин ҳодиса 19 нафар кушта, 87 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.
Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (17)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG