Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден дар ҷараёни сафараш ба Аврупо бо Путин вохӯрданист


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Президенти Амрико, Ҷо Байден, гуфт, омодааст, ки дар ҷараёни сафараш ба Аврупо дар моҳи июни имсол бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кунад.

"Ман ба ин бовар дорам. Мо бар сари он кор мекунем", - посух дод Байден ба суоли рӯзноманигорон рӯзи сешанбе. Байден дар доираи нахустин сафари хориҷияш ба ҳайси президенти Амрико ба Бритониё рафта, аз 11 то 13-уми июни имсол дар вохӯрии сарони кишварҳои узви "Ҳафтгонаи бузург" иштирок хоҳад кард.

Сипас, 14-уми июн, барои иштирок дар саммити кишварҳои НАТО ба Брюссел рафта, бо раҳбарони аъзои эътилоф ҳам мулоқот мекунад.

Идеяи баргузории мулоқоти раҳбарони Русия ва Амрико, ки Байден моҳи апрел пешниҳод карда буд, барои нозирони амрикоӣ ғайриинтизор буд. Байден гуфта буд, омодааст, ки бо ҳамтои русаш дар кишвари севум мулоқот ва афзоиши ташаннуҷ миёни ду кишварро баррасӣ кунад.

Ба гуфтаи Юрий Ушаков, мушовири президенти Русия, омодагиҳо барои мулоқоти раҳбарони ду кишвар идома доранд. Интизор меравад, ин мулоқот моҳи июни соли равон баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG