Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳбари ҳизби навтаъсиси сиёсиро дар Узбекистон барои туҳмат ҷарима бастанд


Хидирназар Оллоҳқулов
Хидирназар Оллоҳқулов

Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон роҳбари ҳизби навтаъсиси "Ҳақиқат ва тараққиёт" Хидирназар Оллоҳқуловро барои туҳмат наздик ба 470 доллар ҷарима баст.

Оллоҳқуловро дар асоси шикояти шахсоони ношиносе ҷарима бастанд, ки рӯзи 31-уми март ба ӯ дар даҳлези манзили зисташ ҳамла карда буданд.

Оллоҳқулов гуфт, дар бораи шурӯи муҳокимаи додгоҳӣ ба ӯ чанд соат пеш аз ҷаласа хабар доданд, аммо имкон надоданд, бо парванда шинос шавад. Ин ҷаласаи додгоҳӣ паси дарҳои баста сурат гирифтааст.

Қарор аст, дар Узбекистон моҳи октябри имсол интихоботи президентӣ баргузор шавад. Мухолифони Узбекистон эълом карданд, ки дар ин интихобот ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG