Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷии Амрико барои ибрози пуштибонӣ аз Украина роҳии Киев шуд


Энтони Блинкин, вазири корҳои хориҷии Амрико
Энтони Блинкин, вазири корҳои хориҷии Амрико

Энтони Блинкин, вазири корҳои хориҷии Амрико, барои пуштибонӣ аз Украина рӯзи 5-уми май озими ин кишвар шуд. Ин сафар пас аз он сурат мегирад, ки Русия моҳи гузашта нерӯҳои худро дар марзи Украина ва Қрим ҷамъ овард ва сипас дур кард.

Нед Прайс, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, дар баёнияе гуфт, сафари Блинкин ба Украина нишон медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида дар баробари ҳуҷуми феълии Русия, аз истиқлол ва тамомияти арзии Украина ҷиддӣ пуштибонӣ мекунад.

Ҷойгиршавии нерӯҳои Русия дар наздикии марзҳои шимолӣ ва шарқии Украина ва низ дар Қрим, ки Маскав дар соли 2014 онро ишғол кард, боис ба нигаронии Киев, Брюссел ва Вашингтон аз боло гирифтани танишҳо шудааст.

Маскав рӯзи 23-юми апрел эълон кард, ки ба берун бурдани нерӯҳояш оғоз намуд ва ҳафтаи гузашта низомиёни Русия гуфтанд, бештарин қувваҳо ба қароргоҳҳои доимии худ баргаштанд.

Филипп Реекер, як дипломати баландпояи амрикоӣ барои Аврупо, ҳафтаи гузашта ба хабарнигорон гуфт, Иёлоти Муттаҳида вазъро аз наздик муроқибат мекунад.

Ба қавли сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, Блинкин бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, дидору гуфтугӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG