Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қазоқистон ба Туркманистон меравад


Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Аз вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар доданд, ки президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ба Туркманистон сафар мекунад.

Рӯзи 28-уми апрел президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз ҳамтои қазоқистониаш даъват кард, ки ба Туркманистон биояд.

Бердимуҳаммадов дар ин суҳбати телефонӣ ба ҳамтои қазоқаш Тоқаев гуфтааст, ки Қазоқистон шарики асосии Туркманистон дар Осиёи Марказӣ аст.

Санаи дақиқи сафари президенти Қазоқистон ба Туркманистон хабар дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG