Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон аз хатми муноқиша ва оғози гуфтушунид миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард


Деҳаи Хоҷа Аълои Тоҷикистон ва Кӯктоши Қирғизистон. 29 апрел, 2021.
Деҳаи Хоҷа Аълои Тоҷикистон ва Кӯктоши Қирғизистон. 29 апрел, 2021.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз хатми муноқишаи мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва оғози гуфтушунид байни намояндагони ду кишвар, истиқбол кардааст.

Дар изҳороти раиси ҷумҳури Қазоқистон, ки рӯзи 30-юми апрел нашр шуд, ибрози умедворӣ шудааст, ки раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон бо хирадмандӣ метавонанд ҳама масъалаҳои мавриди баҳсро танҳо тариқи мулоиматомез ҳаллу фасл намоянд.

"Дар навбати худ, ман омодаи талош барои ёфтани роҳи ҳалҳои қобили қабул барои ҳар ду тараф ва бозгардонидани эътимоди мутақобил ҳастам"-омадаст дар баёния.

Узбекистон -- ҳамсоякишвари Тоҷикистону Қирғизистон ҳам дируз аз тарафҳои даргир хоста буд, ки барои оддӣ шудани вазъ чораҳои муштарак андешанд. Вазорати умури хориҷии Узбекистон даъват кард, ки Тоҷикистону Қирғизистон мушкилро "бо музокирот ва машварат дар рӯҳияи муносибатҳои дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек ва шарикӣ, ки ба халқҳои бародари Осиёи Марказӣ хосанд, ҳал карда шаванд".

Дар навбати худ, Узбекистон ваъда дод, ки метавонад барои ҳарчи зуд ҳал шудани вазъ кумак расонад.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.

Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти се нафар гузориш дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтаанд.

Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин, дершаби 29-уми апрел ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои хатми муноқиша ва оғози гуфтугӯҳо ба созиш расиданд. Тибқи ин созиш, ҷонибҳо муноқишаи мусаллаҳонаро хотима мебахшанд, ҳайати шахсӣ ва таҷҳизоти ҳарбиро ба макони доимии ҷойгиршавиашон бармегардонанд ва барои роҳ надодан ба ташаннуҷи авзоъ чораҳо меандешанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва танҳо 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд. Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи обу замин дар минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.

XS
SM
MD
LG