Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид


Комиссияе, ки рӯзи 29-уми апрел бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои марзии ду кишвар созмон дода шуд, сабабҳои сар задани ин ҳодисаро баррасӣ кард.

Нишаст шоми 29-уми апрел дар шаҳри Исфара баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати Қирғизистонро Омурбек Суваналиев, раиси вилояти Бодканд раҳбарӣ карданд.

Ҳарду тараф дар изҳороти муштарак гуфтаанд, ба ин натиҷа расиданд, ки:

муноқишаи мусаллаҳонаро хотима бахшанд;

ҳайати шахсӣ ва таҷҳизоти ҳарбиро ба ҷойҳои будубоши доимиашон баргардонанд;

барои роҳ надодан ба ташаннуҷи авзоъ чораҳо андешанд;

якҷо аз ҳисоби кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва кормандони ҳукуматҳои ду кишвар барои дар амал татбиқ намудани чораҳои зикршуда гуруҳи корӣ ташкил дода, шароитро барои ба эътидол овардани авзоъ ва пеш бурдани пурсамари музокирот ба манфиати ду халқу давлати дӯст фароҳам кунанд.”

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард.
Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.
Аз ду тараф захмиён ҳастанд. Пизишкон гуфтанд, баъзе аз онҳо аз тири силоҳи оташфишон маҷруҳ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти се нафар аз захмиён хабар дод.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва танҳо 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд.
Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи обу замин дар байни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.
XS
SM
MD
LG