Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Судон сохтмони пойгоҳи низомии Русияро қатъ кард


Неруҳои баҳрии Русия. Акс аз бойгонӣ.
Неруҳои баҳрии Русия. Акс аз бойгонӣ.

Судон дар ҳудуди ин кишвар сохтмони пойгоҳи низомии баҳрии Русияро қатъ кард. Дар ин бора расонаҳои арабӣ иттилоъ медиҳанд. Ба иттилои расонаҳо, Судон ҳамчунин гуфтааст, ҳузури ҳамагуна киштиҳои низомии Русияро манъ мекунад.

Телевизиони Al Arabia хабар дод, ки созишномаи ҳамкорӣ байни ду кишвар то тасдиқи он аз сӯи порлумони Судон қатъ шудааст. Хартум дар ин бора ба Москва иттилоъ додааст.

Дар бораи таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Судон тирамоҳи соли 2020 иттилоъ пайдо шуд. Тарҳи таъсиси пойгоҳ бо президенти пешини Судон Умар ал-Башир мувофиқа шуда буд, ки ӯро дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ дар соли 2019 аз қудрат барканор карданд. Ал-Башир гуфта буд, ки пойгоҳи низомии Русия дар Судон ба хотири "ҳифзи кишвар аз хушунатҳои ИМА" сохта мешавад.

Дар охири соли 2020 расонаҳо бо нашри таҳқиқоте хабар доданд, мушовирони Ал-Башир политтехнологҳои Русия аз атрофи тоҷир Евгений Пригожин буданд.

Вазорати молияи ИМА чанд одам ва ширкатро шомили рӯйхати таҳримҳо кард, ки ба иттилои Вашингтон, бо Пригожин робита доштанд. Ин ширкатҳо ва одамон дар Судон, Ҳонконг ва Тайланд қарор доранд. Вазорати молияи ИМА гуфт, шабакаи тоҷирон захираҳои табиии Судонро барои ҳадафҳои шахсӣ ва "парокандасозии нуфузи харобиовар" дар дунё истифода мекунанд.

Мақомоти Русия борҳо гуфтанд, ки ба сиёсати дохилии кишварҳо дахолат намекунанд.

XS
SM
MD
LG