Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Аврупо созиши муҳими тиҷоратии марбут ба Брекзитро қабул кард


Мақомоти Аврупоӣ шарту шурути созиши тиҷоратии баъди Брекзитро бо мақомоти бритониёӣ баррасӣ мекунанд. Акс аз 27-уми апрел
Мақомоти Аврупоӣ шарту шурути созиши тиҷоратии баъди Брекзитро бо мақомоти бритониёӣ баррасӣ мекунанд. Акс аз 27-уми апрел

Парлумони Аврупо бо раъйи оро созиши тиҷоратии баъди Брекзитро миёни Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо тасдиқ кард. Ин санад роҳро барои пурра такмил ва тасвиб шудани санад ҳамвор мекунад. Дар овоздиҳии 28-уми апрел аз созишҳои тиҷоратӣ ва ҳамкории миёни ду ҷониб 660 вакил пуштибонӣ карда, панҷ нафар мухолифат карданд ва 32 нафар дар овоздиҳӣ иштирок накарданд. Созише, ки 1 ҳазор саҳифа дорад, рӯзи 1-уми май ба иҷро медарояд ва Парлумони Аврупо аз Бритониё хост, ки ба ӯҳдадориҳояш пойбанд бимонад. Дар созиши мазкур шарту шароити тиҷорат, қоидаҳои рақобат, моҳидорӣ ва сиёсати назорат аз низомҳои адлия, нақлиёт ва энержӣ танзим шудааст. Созиши мазкур ба 47 соли узвияти Бритониё дар Иттиҳоди Аврупо ва музокироти чорсола нуқта гузоштааст. Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар Твиттераш баъди овоздиҳӣ навишт, ки Бритониё “як шарик ва дӯсти муҳими” Иттиҳоди Аврупо боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG