Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои амрикоӣ аз ҳодисае дар обҳои Халиҷи Форс бо ширкати киштиҳои эронӣ хабар доданд


Киштии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба самти киштии амрикоии назорати соҳилии USCGC Monomoy ҳаракат мекунад. 2 апрели соли 2021, обҳои Халиҷи Форс
Киштии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба самти киштии амрикоии назорати соҳилии USCGC Monomoy ҳаракат мекунад. 2 апрели соли 2021, обҳои Халиҷи Форс

ИМА гуфт, ки моҳи ҷорӣ киштиҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба ду киштии назоратии амрикоӣ дар обҳои Халиҷи Форс расиданд ва ин ҳодиса аввалин бор дар як соли охир рух медиҳад. Нирӯҳои дарёии амрикоӣ рӯзи 27-уми апрел гуфтанд, ки дар ҳодисаи рӯзи 2-юми апрел касе ё чизе осеб надидааст. Эрон ҳанӯз ин ҳодисаро тасдиқ накардааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки Вашингтон ва Теҳрон дар фикри музокироти ғайримустақим барои эҳёи созиши соли 2015-и ҳастаӣ бо Эрон мебошанд. Музокироте, ки моҳи апрел дар Вена шурӯъ шуд, қарор аст рӯзи 27-уми апрел дар пойтахти Австрия идома ёбад. Нирӯҳои дарёии амрикоӣ гуфтанд, ки се киштии босуръати эронӣ ва киштии ёридиҳандаи Harth 55 ду киштии назоратии амрикоиро, ки обҳои байналмилалиро назорат мекарданд, иҳота намуданд. Киштии Harth 55 ба нӯги киштиҳои USCGC Monomoy ва USCGC Wrangell расида, маҷбур карданд, ки киштиҳои амрикоӣ ба хотири пешгирӣ аз бархӯрд маневрҳои дифоӣ анҷом диҳанд. Ребекка Ребарих, сухангӯи нирӯҳои назоратии амрикоӣ дар Баҳрайн дар изҳороте гуфт, “ҳайати амрикоӣ тавассути радио чандин бор ҳушдор ва ҳам бо садои баланди шайпури киштӣ панҷ дафъа огоҳии кӯтоҳе фиристод, вале бо вуҷуди ин ки Harth 55 ба садои радиоӣ посух дод, маневҳои хатарноки худро идома дод”.

Ӯ гуфт, тахминан баъси се соати ҳушдори амрикоиҳо ва маневрҳои дифоӣ, киштиҳои эронӣ аз назди киштиҳои амрикоӣ дур шуданд ва фосилаи байни киштиҳо барқарор шуд. Ребарих гуфт, ин ҳодисаи “ноамну ғайрикасбӣ бо иштироки киштиҳои ҷангии эронӣ аввалин бор баъди 15-уми апрели соли 2020 рух дод”.

XS
SM
MD
LG