Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ва ИМА ақидаҳо дар бораи таҳрири марзҳои Балкани Ғарбиро рад карданд


Дар Балкани Ғарбӣ кишварҳои Босиняву Ҳерсоговина, Черногория (Монтенегро), Косово, Сербия, Албания ва Македония
ҷойгир шудаанд
Дар Балкани Ғарбӣ кишварҳои Босиняву Ҳерсоговина, Черногория (Монтенегро), Косово, Сербия, Албания ва Македония ҷойгир шудаанд

Иттиҳоди Аврупо ва ИМА рӯзи 26-уми апрел дар як изҳорот ақидаҳо дар бораи таҳрир кардани хатҳои марзи Балкани Ғарбиро рад карданд. Дар як пешниҳоди ғайрирасмӣ барҳам додани қаламравҳои кунунии Боснияву Ҳерсоговина ва ба ҳам пайваст кардани Косово ва Албания садо додааст. Як санад, ки ба дасти мақомоти аврупоӣ расидааст, пешниҳод мекунад, ки бахше аз қаламравҳои Босния бо Сербия ва Хорватия ҳамроҳ карда шаванд, то ки, ба қавли ин матн, барои ҳамоиши минтақавӣ дар Иттиҳоди Аврупо мусоидат шавад. Хабаргузории Reuters мегӯяд, ки ин санадро дидааст, вале наметавонад дурустии онро тасдиқ кунад.

Эрик Мамер, сухангӯи Комиссиюни Аврупо дар як нишасти хабарӣ гуфт, “Иттиҳоди Аврупо ба ҳеҷ сурат тарафдори тағйир додани марзҳо нест”. ИМА ҳам пешниҳодро рад карда ҳушдор дод, ки ҳама гуна тағйирот дар хатҳои марз боиси афзоиши таниш дар минтақа мешавад. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ дар изҳороте гуфт, ки ҳама гуна тахминзаниҳо дар заминаи “тағйири хатҳои марз мутобиқ ба хусусиятҳои қавмӣ хатари бесубот кардани минтақа ва бедор кардани хотираҳо дар бораи танишҳои гузаштаи начандон дур”-ро дар пай дорад.

Дар як мусоҳибааш дар як маркази таҳқиқотии амрикоӣ президенти Сербия Александр Вучич ин андешаро рад кард ва гуфт, ки ҳукумат дар андешаи эҷоди ҳеҷ гуна Сербияи бузург нест”. Вазири хориҷаи Олмон Ҳейко Маас ҳафтаи гузашта гуфт, ки ин андеша “дубора ба сандуқ гузошта шуд”.

XS
SM
MD
LG