Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандонаш гуфтанд, Асадулло Исмоилов, имомхатиби кӯчаи Яккачинор, аз боздошт озод шуд


Наздиконаш иддао доранд, ки ин акси Асадулло Исмоилов пас аз раҳоияш аз боздошт аст

Пайвандони Асадулло Исмоилов, имомхатиби масҷиди кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе, хабар доданд, ки ӯ аз боздошт раҳо шудааст. Исмоилов дар баробари чанде аз иштирокдорони маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ шаби 19-уми апрел дастгир шуда буд.

Мақомот дар бораи раҳоии ӯ расман хабар надоданд. Қадруддин Исмоилов, бародари Асадулло Исмоилов, рӯзи 26-уми апрел дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки ӯ рӯзи якшанбе аз боздошт раҳо шуд.

"Одамон гапро нодуруст бурда мерасонанд", вале кадом гап?

Асадулло Исмоилов
Асадулло Исмоилов

"Мақомот ӯро пурсуҷӯ кардаанд, ҳоло ягон мушкиливу нофаҳмӣ нест, ҷавоб доданд. Дар хонааш ҳаст. Як замоне шудааст, ки дар ягон ҷо менишинӣ ва ягон гап мегӯйӣ, одамон гапро нодуруст бурда мерасонанд", -- иброз дошт Қадруддин Исмоилов, аммо шарҳ надод, ки кадом сухани имомхатибро нодуруст "расондаанд".

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи баъзе аз шогирдони Асадулло Исмоилов, эҳтимол ӯро барои қироати як байти Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар маросими ҷанозаи Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дастгир кардаанд. Ӯ дар маросими видоъ ва дафни рӯҳонии шинохта, ҳангоме ки издиҳом бузург шудаву якдигарро зер кард, ин байти Муҳаммад Иқболро ба забон овард:

"Дар ҳайратам аз мароми ин мардуми паст,

Ин тоифаи зиндакушу мурдапараст."

Бародараш мегӯяд, ҳоло Асадулло Исмоилов "ҳеч мушкил надорад", вале гуфт намедонад, мақомот бо кадом гумон ӯро ба бозҷӯйӣ даъват карда буданд. Ба иддаои ӯ, Асадулло Исмоилов феълан дар назди пайвандонаш дар хона қарор дорад. Талошҳои Радиои Озодӣ барои суҳбати телефонӣ бо ӯ то ин дам бенатиҷа анҷом ёфт. Наздиконаш мегӯянд, "ӯ ҳоло телефони мобилӣ надорад".

Асадулло Исмоиловро шаби 19 ба 20-уми апрел, пас аз адои намози "таровеҳ", дастгир карданд. Субҳи дигар намояндагони мақомоти интизомӣ ба хонаи Асадулло Исмоилов, воқеъ дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ, дар ноҳияи Рӯдакӣ рафта, қисме аз китобу адабиёти ӯро бо худ бурдаанд.

Асадулло Исмоилови 42-сола, оиладор ва соҳиби шаш фарзанд буда, дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ зиндагӣ мекунад. Ӯ Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм кардааст ва аз шогирдони Амонулло Неъматзода, муфтии пешини Тоҷикистон, ном бурда мешавад.

Исмоилов аввал дар яке аз масҷидҳои ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, баъдан имомхатиби яке аз масҷидҳои кӯчаи Яккачинори Душанбе таъин шудааст.

Боздошти сархатиб ва чаҳор ҳамроҳи ӯ

Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шоҳмансур
Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шоҳмансур

Боздошти Асадулло Исмоилов дар ҳолест, ки рӯзи 22-юми апрел мақомот расман эълон карданд, ки Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансурро ҳамроҳ бо 4 нафари дигар дастгир карданд.

Боздошти ӯ пас аз суханронияш дар бораи пешвоҳои динӣ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ сурат гирифт. Мақомот гуфтанд, боздошти ӯ ба ин суханронӣ рабт надорад, балки ӯ ба пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" муттаҳам аст. Мақомот дар бораи боздошту раҳоии Асадулло Исмоилов расман чизе нагуфтанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG