Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон намерасанд. Ҳукумати Русия БАМ-ро бо дасти зиндониҳо сохтанӣ аст


Сохтмони БАМ - Роҳи оҳану Байкалу Амур. Акс аз бойгонӣ
Сохтмони БАМ - Роҳи оҳану Байкалу Амур. Акс аз бойгонӣ

Як нашрияи русӣ мегӯяд, ки ҳукумат ният дорад барои сохтмони роҳи оҳани Байкалу Амур (БАМ) зиндониҳоро ҷалб кунад. Нашрияи “Коммерсант” менависад, ки ба вазорати нақлиёт, раёсати федеролии зиндонҳо ва ширкати Роҳи Оҳан супориш шудааст, ки то 14-уми май ин масъаларо баррасӣ карда, инчунин, масъалаи эҷоди инфрасохтор ё макони будубоши зиндониҳои сохтмончиро ҳам андеша кунанд.

Феълан шумори нирӯи нокофии корӣ барои сохтмони БАМ 15 ҳазор нафар ҳисоб шудааст ва сабаби камбуд инчунин дар норасоии муҳоҷирони корӣ ҳам гуфта мешавад, ки бо сабаби пандемия ҳанӯз ба Русия барнагаштаанд. Нашрия гуфтааст, ки танҳо бо қувваи Нирӯҳои Роҳи оҳан ҳал кардани ин масъала ғайриимкон мебошад.

Рӯзи 5-уми апрел вазорати дифои Русия гуфтааст, ки Нирӯҳои Роҳи оҳан ба сохтмони хати дуюми роҳи оҳани БАМ шурӯъ карданд. Хати мазкур 340 км тӯл дошта ба сохтмони он 3 ҳазор низомӣ ҷалб мешавад.

Қонунгузории Русия иҷоза медиҳад, ки зиндониҳо дар сохтмони берун аз деворҳои маҳбас ҷалб шаванд ва конститутсия ба ин гурӯҳи афрод бархе замонатҳо додааст. Екатерина Тягай, як ҳуқуқшиноси коллегияи адвокатҳои Pen & Paper гуфт, ки қонун ҷалби бархе гурӯҳҳои зиндониҳоро ба сохтмон иҷоза медиҳад, вале дар ин сурат бояд, ки барои кори онҳо маблағ пардохт шавад ва ҳамаи онҳо бояд назорату ҳимоят ва дар муҳосира нигаҳдорӣ шаванд. Ҳуқуқшинос гуфт, ки дар ин сурат ҷалби зиндониҳо сарфу харҷи зиёдро талаб мекунад.

Тарҳи БАМ нав нест ва солҳои 1930-юм ҳам барои сохтмони он аз ҷумла зиндониҳо ҷалб шуда буданд. Бо дасти зиндониҳо 190 км роҳ миёни БАМ ва Транссиб сохта шуд. Тавассути БАМлаг, ки соли 1932 ҳамчун бахше аз системаи зиндонҳои ГУЛАГ таъсис ёфт, 2 миллион маҳбус дар сохтмони роҳи оҳан иштирок карданд. Баъдтар ба ин сохтмон маҳкумшудаҳо ба корҳои ислоҳӣ ҷалб шуданд.

XS
SM
MD
LG