Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Миллер: Омодагӣ ба хуруҷ оғоз шудааст, нерӯҳои афғон бояд омода бошанд


Генерал Скотт Миллер, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон.
Генерал Скотт Миллер, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон.

Артиши Амрико мегӯяд, ба поён додани амалиёти худ дар Афғонистон оғоз кардааст ва нерӯҳои амниятии афғон барои гирифтани масъулият бояд омода бошанд.

Генерал Скот Миллер, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон, рӯзи якшанбе дар нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфт, аз ӯ зиёд мепурсанд, ки оё нерӯҳои амниятии афғон дар набудани нерӯҳои амрикоӣ ва ё нерӯҳои дигари хориҷӣ корро анҷом дода метавонанд ё не? Миллер дар посух гуфт, "паёмаш ҳамеша ин будааст, ки онҳо (нерӯҳои амниятии афғон) бояд омода бошанд."

Дар ҳоле ки раванди берун рафтани 2500 сарбози амрикоӣ ва 7 ҳазор нерӯи НАТО дар аввали моҳи май, яъне рӯзи шанбеи оянда расман оғоз хоҳад шуд, Миллер гуфт, чораҳое ба унвони бехше аз раванди хуруҷ оғоз шудааст.

Ӯ афзудааст, нерӯҳо ба шакли муназзам Афғонистонро тарк хоҳанд кард ва пойгоҳҳо ва баъзе таҷҳизоти худро ба нерӯҳои Афғонистон хоҳанд супурд: "Дар ҳоле ки шумораи нерӯҳои худро ба сифр мерасонем, пойгоҳҳоро дар қадами аввал ба Вазорати дифоъ ва нерӯҳои дигари афғон месупорем ва ин ҳама пойгоҳҳое аст, ки мо берун шудан аз онҳоро оғоз мекунем."

Изҳороти генерали амрикоӣ чанд соат пеш аз он баён шуд, ки узви ҳайати музокиракунандаи Толибон Шермуҳаммад Аббос Станакзай дар Твиттер навишт, ба ду дархости Толибон посухи мусбат дода хоҳад шуд. "Ба зудӣ номҳои раҳбарони Толибон аз "рӯйхати сиёҳ" берун хоҳад шуд ва 7 ҳазор зиндонии ин гурӯҳ раҳо хоҳанд шуд", -- навишт ӯ.

Станакзай ба масъалаи оташбас, ки яке аз шартҳои Шӯрои миллии мусолиҳаи сулҳ мебошад, ишора накард. Шӯрои миллии мусолиҳаи миллӣ, ки раҳбарии онро Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба дӯш дорад, ҳанӯз ба суханони Аббос Станакзай вокуниш нишон надодааст.

Ҳукумати Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ озодии зиндониёни бештари Толибонро рад кардааст. Соли гузашта беш аз 5 ҳазор зиндонии Толибон аз зиндонҳои Афғонистон раҳо шуда буданд. Гуфта мешавад, бахши калоне аз зиндониёни раҳошуда ба майдонҳои ҷанг баргаштанд ва дар хушунатҳо даст доранд. Толибон инро рад кардаанд.

Бомбгузориҳо пас аз он ки президенти Амрико Ҷо Байден муҳлати хуруҷи нерӯҳои он кишварро аз Афғонистон аз 1-уми май то 11 сентябр ба таъхир андохт, афзоиш ёфтааст. Толибон пас аз эълони Ҷо Байден дар таърихи 14-уми апрел ҳушдор доданд, ки ҳамлаҳои худро аз сар мегиранд.

Толибон дар вокуниш ба таъхири хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ширкат дар нишасти сулҳи Истанбулро, ки қарор буд 16-уми апрел баргузор шавад, рад карданд. Туркия гуфт, ин нишаст баъд аз моҳи Рамазон ва дар миёнаҳои моҳи май баргузор мешавад, аммо замони дақиқи баргузории онро маълум накард.

Гуфгугӯҳои байнулафғонӣ дар Доҳа -- пойтахти Қатар аз моҳи сентябри соли гузашта ба ин тараф боздошта шудааст.

Генерал Скот Мюллер гуфт, ба Комиссияи сиёсии Толибон ошкоро гуфтааст, ки аз хушунат даст бикашанд. Ӯ афзуд, "ин ҳам ба Толибон гуфта шуд, ки агар ба иқдомоти низомӣ рӯ оваранд, ин як фоҷеа барои Афғонистон ва мардуми он ба вуҷуд хоҳад овард".

XS
SM
MD
LG