Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Камбизоат бештару бой камтар месупорад". Аз шеваи андозситонӣ дар Тоҷикистон танқид карданд


Кӯчаи марказии Душанбе
Кӯчаи марказии Душанбе

Як пажӯҳиши Донишгоҳи Тулейн дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико исбот кардааст, ки сиёсати буҷаву андоз (молиёт) дар Тоҷикистон "боис ба афзоиши мизони фақру камбизоатӣ ва нобаробарӣ миёни қишрҳои аҳолӣ" мешавад. Дар ҳоле ки, ба навиштаи муҳаққиқон, сиёсати дурусти андозбандӣ бояд, баръакс, сатҳи фақр ва нобарорбариро миёни қишрҳои ҷомеа камтар кунад.

Дар пажӯҳиш гуфта мешавад, андозҳо дар Тоҷикистон "барои хонаводаҳои камбизоат сангинӣ мекунад", аммо "қишри дорои аҳолӣ, баръакс, баробар ба сарвату сармояаш андоз намесупорад".

Таҳқиқоти Донишгоҳи Тулейн (Tulane) дар иёлати Ню Арлэани Амрико таҳти унвони "Таъсири сиёсати молӣ (фискалӣ) ба фақр ва нобаробарӣ дар Тоҷикистон" ҳафтаи гузашта нашр шуд.

Муҳаққиқони амрикоӣ, ки сиёсати буҷаву андози Тоҷикистонро бо ченаки хос (Commitment to Equity Assessment) арзёбӣ кардаанд, ба ин натиҷа расиданд, ки сиёсати андозу буҷаи кишвар боиси то 5,12 банди фоизӣ афзудани камбизоатӣ дар кишвар мешавад.

Дар ин пажӯҳиш гуфта мешавад, андозҳо дар Тоҷикистон "барои хонаводаҳои камбизоат сангинӣ мекунад", аммо "қишри дорои аҳолӣ, баръакс, баробар ба сарвату сармояаш андоз намесупорад".

Се машварат ба Тоҷикистон

Муҳаққиқон, инчунин, навиштаанд, барномаҳои кумаки иҷтимоии ҳукумати Тоҷикистон камбизоатиро коҳиш намедиҳад, чунки ёронаҳои давлат ночизанд. Дар ин таҳқиқот барои ислоҳи вазъият ба Тоҷикистон се тавсия додаанд:

  • Барномаи кумакҳои мушаххаси сарикасии иҷтимоиро беҳтар тарҳрезӣ кунад;
  • Сиёсати андозро бозбинӣ намуда, шеваи прогрессивии андозситониро ҷорӣ кунад ва аз афроде, ки ҳиссаи даромадашон зиёд аст, бештар андоз ситонад;
  • Аз буҷаи давлат барои хароҷоти ҳадафнок, аз ҷумла кумаки иҷтимоии сарикасӣ маблағҳои бузургтареро ҷудо кунад.

Мақомот дар Тоҷикистон ба натоиҷи ин таҳқиқот расман вокуниш накарданд, аммо як мансабдори баландпояи Кумитаи андоз, ки нахост номаш бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо хулосаи пажуҳишгарон розӣ нест.

"Тоҷикистон дар солҳои охир барои поин бурдани сатҳи фақр дастоварди назаррас дошт. Сатҳи фақр дар 10 соли охир дар кишвар беш аз 12 дарсад коҳиш ёфт", -- афзуд ӯ. Бино бар иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 26,3 дарсади аҳолӣ фақир ё камбизоат ҳастанд.

Тағйири қонун вазъро беҳ мекунад?

Низоми андозбандии Тоҷикистон бино бар сарбории гаронаш рӯйи соҳибкорон борҳо мавриди интиқоди баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ гардидааст.

Аз ҷумла, дар таҳқиқоти "Paying Taxes 2019" (Андозбандӣ дар соли 2019), ки 190 кишварро фаро гирифтааст, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ ворид шуд. Ҳаҷми умумии андоз 67,3 дарсадро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки 32,8 дарсад аст, ду баробар бештар мебошад.

Мақомот мегӯянд, ҳоло тарҳи нави Кодекси андозро омода мекунанд, ки ба бовари онҳо кори тоҷирону сокинонро осон мекунад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон се бор Кодекси андозро иваз кард, аммо, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, ҳеч яке аз ин қонунҳо барои рушди соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам наоварданд.

Кодекси андозе, ки ҳоло амал мекунад, соли 2013 қабул шудааст ва, бино бар сарбориҳои гаронаш, ҳадафи танқиди соҳибкорон гашта, сол аз сол зарурати ислоҳи онро ба миён овардааст.д.

XS
SM
MD
LG