Вазорати молияи Тоҷикистон тарҳи нави Қонуни андозро дар сомонааш нашр карда, аз шаҳрвандон хостааст, то 25-уми феврали соли 2021 назар ва иловаҳои худро ба ин лоиҳа бо нома ва ҳам шарҳҳои бархат ё онлайнӣ пешниҳод кунанд. Пас аз ин сана тарҳи қонун барои баррасӣ ба ҳукумати Тоҷикистон вогузор мешавад.
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ аз шумори соҳибкорон, коршиносон ва муҳосибони собиқадор бар инанд, ки Қонуни нави андоз дар ҳамин шакл, шояд бо бархе аз тағйиру иловаҳо қабул хоҳад шуд, ҳарчанд имкон дорад, пешниҳодҳои бодалел ба тағйири бештар он низ сабаб гарданд.
Тарҳи нави Қонуни андоз дар шакле, ки таҳия шудааст, ба фаъолият ва даромади соҳибкорон ва шаҳрвандони қатории Тоҷикистон чӣ таъсир мегузорад? Барои онҳо чӣ сабукиҳо ва чӣ душвориҳо пеш меорад?
Радиои Озодӣ ин суолҳоро чанде аз соҳибкорон ва коршиносон дар миён гузошт. Дар ҷараёни ин суҳбатҳо маълум шуд, ки коршиносони "Amal Consulting Group"- ширкати машваратӣ, ки ба соҳибкорон ва ташкилот дар супурдани андоз ва пеш бурдани муҳосибот кумак мекунад, тарҳи навро бо қонуни ҳозира муқоиса кардааст. Дар ин қиёс пешрафт ва пасрафтҳои тарҳи нав рӯшан гаштааст.
Ин коршиносон мегӯянд, тарҳи нави қонуни андоз ба ширкатҳое, ки ҳоло амал мекунанд, дар пардохти андоз баъзе сабукиҳо пешбинӣ кардааст. Аммо андози соҳибкороне, ки нав корро сар мекунанд, бештар мешавад.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ аз "Amal Consulting Group", мегӯяд муаллифон дар қонуни нав муайян кардаанд, соҳибкоре, ки гардиши пулаш дар як сол аз 500 ҳазор сомонӣ болост, бояд ширкати худро сабти ном кунад ва аз арзиши изофашуда андоз диҳад, ки НДС номид мешавад. Ҳоло ин меъёр 1 миллион сомонӣ аст.
"500 ҳазор сомонӣ ин меъёри ниҳоят кам аст. Вақте соҳибкоре бо ин гардиши пул маҷбур мешавад, ширкат сабти ном кунад, хароҷоти ӯ дучанд мешавад. Бояд бинои идора ёбад, муҳосиб киро кунад, муҳосибот пеш барад. Соҳибкороне хурде, ки дар як сол то 500 ҳазор сомонӣ ва ё андаке беш аз он гардиш доранд, ширкат кушоянд ва бар замми ин НДС супоранд, харҷоташон хеле зиёд мешавад, бисёриҳо шояд ба ин шароит тоб оварда натавонанд",-иброз дошт ӯ.
Як мояи нигаронии соҳибкорон ва коршиносон аз лоиҳаи нав, маҳз то 500 ҳазор сомонӣ поин овардани лимит ва ё маҳдудаи гузариш аз соҳибкории инфиродӣ ба шеваи кори ширкат аст.
Ба ҳисоби "Amal Consulting Group" дар сурати ба ҳамин шакл қабул шудани қонун минбаъд як ордфурӯши оддӣ ҳам бояд ширкат таъсис диҳад.
"Ба ҳисоби мо, як ордфурӯше, ки рӯзе ба ҳисоби миёна 5 халта орд мефурӯшад (бо нархи як халта 250 сомонӣ) гардиши пулиаш дар як сол аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд мешавад. Яъне ӯ бояд ширкат сабти ном кунад, муҳосиб киро намояд ва андоз аз арзиши изофӣ пардохт кунад. Ҳамаи ин хароҷот бар дӯши ӯ зам мешавад ва ӯ маҷбур аст нархро боло барад",-гуфт масъули ин ширкат.
Коршинсони "Amal Consulting Group", муҳосибон ва соҳибкроне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, ҳамагӣ ба ин мушкили тарҳи нави қонун таъкид карданд ва мегӯянд, ба мақомот пешниҳод намудаанд, ки меъёри гузариш аз соҳибкории инфиродӣ ба ширкатдорӣ камаш то 1 миллион сомонӣ боло бурда шавад.
Оё тарҳи нав сабукиҳое ҳам дорад?
Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, тарҳи нав сабукиҳое ҳам пешбинӣ кардааст, хусусан барои ширкатҳои хурду миёна, ки ҳоло фаъолият доранд. Аз ҷумла, меъёри андози иҷтимоие, ки кордеҳ барои корманд пардохт мекунад, аз 25 дарсади пешина то ба 20 дарсад поин оварда шудааст.
Баръакси он андоз аз даромад, ки ба ҳама кормандон тааллуқ дораду аз маош ситонида мешавад, андаке боло меравад. То кунун аз маоши кормандон дар Тоҷикистон 13 дарсад андоз аз даромад ва 1 дарсад андози иҷтимоӣ ситонида мешавад. Ин дар маҷмӯъ 14% мешавад.
Дар тарҳи нав мизони андоз аз даромад барои шахсоне, ки то 4800 сомонӣ маош мегиранд, 12 дарсад муайян шудааст. Шахсоне, ки аз 4800 сомонӣ бештар музд мегиранд, акнун бояд 15 дарсад андоз аз фоида ва (агар дар созмони ғайридавлатӣ фаъолият доранд) 2 дарсад андози иҷтимоӣ хоҳанд дод. Якҷоя ин 17% хоҳад шуд.
Андоз аз фоида барои афроде, ки маошашон аз 18 ҳазор сомонӣ бештар аст, 18 дарсад (+2) муайян шудааст.
Барҳам додани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳам аз сабукиҳое гуфта мешавад, ки дар тарҳи нави андоз пешбинӣ шудааст.
Аксиз боло меравад, гуфтугӯҳои телефонӣ ҳам?
Тарҳи нави андоз кормандони бахши мухобирот, ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасонро хушнуд накардааст. Мизони аксиз барои алоқаи барқӣ, ки ҳоло 5 дарсад аст, дар тарҳи нав 7 дарсад муайян шудааст.
Ғафурҷон Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, боло бурдани мизони андози аксиз, албатта, боиси гарон шудани нархи гуфтугӯҳои мобилӣ ва интернет хоҳад шуд. Дар ниҳоят ба гуфтаи ӯ, сарбории гарон ба души муштариён меафтад.
"Ман ҳайронам, ки муалифони ин тарҳ рақами 7 дарсадро дар кадом асос муайян карданд. Чаро 5,5 дарсад ё 6 не, балки маҳз ҳафт! Оё ягон тадқиқот анҷом шудааст, ё касе гӯшашро хориду аз осмон 7 дарсад навишт? Ман мефаҳмам, ки нозирони андоз сарчашмае мекобанду мехоҳанд, буҷаро пур кунанд. Аммо касе бояд ғами ояндаи иқтисоди кишварро ҳам хӯрад. Онҳо ба ҷуз аз худро сафед кардан дар назди президент, дигар дар фикри иқтисод нестанд",-изҳор дошт Иркаев.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон се бор Кодекси андоз қабул кард. Аммо, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, ҳеч яке аз ин қонунҳо барои рушди соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам наоварданд. Сарбории гарони андоз, коррупсия ва тафтишу санҷишҳои беохир боис мешаванд, ки ҳар сол даҳҳо соҳибкор тарки пеша мекунанд.
Кодекси андозе, ки ҳоло амал мекунад, соли 2013 қабул шуда, шаш сол инҷониб корбаст мешавад ва бинобар сарбориҳои гаронаш ҳадафи танқиди соҳибкорон гашта, сол аз паси сол зарурати ислоҳи онро ба миён овардааст.
Салом. Бародарони тоҷик шумо фақат бо забони русси ин калимаро дар (гугл ё яндекс) КАРТА ПЕРСИДСКОЕ ЦАРСТВО сирт (поик) кунед мебинед, ҳақиқати заминро, ки аз хитой ҳаст ё форсҳо.
Маълум мешавад ки ин давлат не дар дорад не дарвоза бо сархадбонаш. Чи хел мешавад ки шахси ки нисбаташ додгох хукм баровардааст ґайб мезанад , ин нозири минтакавии ки додрас зиндаги мекард чи кор мекунад ки гумонбар ґайб задааст.?
офарин сад офарин хеч гох нагузоред мардум ки ин кавми аъчучу маъчуч сарзамини азизи моро ки аз тули касрхо аз ачдодонамон мондааст гасб кунанд!бо хам биеед!махалгарои накунед!мо дируза чанги бародаркуширо набояд такрор кунем ки 200хазор нафар мардуми Ватанамон фавтиданд !афсус афсус!точикистон ба пеш!
Чи гунае агар таьрихро таьрихнигорон тоб диханд Осие миена ва худуди Точикистони имруза ва шарки он ва Афгонистону Покистону Хиндустони шимоли асло худиди Чинихо набуданд ва Чинихо танхо рохи тичоратро пеш гирифта буданду аз лашкаркаши метарсиданд ба ин худудхои ва пеш аз ислом низ асло фикри Осиеи Миенаиро намекардан ва аз Сосониену Кушониен метарсиданд ва агар дар Шарки дур ва Аврупо гуломхо сиехтан буданд пас дар Худуди Сосониену Хакони Турк аслан гулому канизакхои Форсу Эрони ва Турку Сосониву Кушони чини табор буданд зеро занхои Чинихо Аслан зебошакл ва модел буданд ба кавли имруза, ки хар як хонадону точику турку форс як тои канизи чини доштанд ва хатто арабхо ончунон мафтуни сохиб шудани гелмон (чинси наринаи чиние, ки аз мардинаги ба хотири гуломи даст кашида буданд)ва канизи чини буданд, ки ба хотири ин ва танхо ин, ба мулки Сосони хучум карданд танхо бо хотири ба даст овврдани гулому канизи чини ... Ва он нафарони беномусе, ки модаронни худро раккосаи чини меноманд бояд инро донанд... Ва аз ин сабаб пеш аз ислом Империяи Тани Сугди шакле, ки аслан аз сарчашмаашон мардони Форсу Турк буданд ташкил ефт ва ба хотири ирси хешу табори, ва тичорати гуломфурушии чини ба гарбу шарки дур рохи Осиеи Миенаро пеш гирифтанд на ба хотири ба даст овардани ин худудхо Ин матолиб аслан матолиби тахкири нест ва хадаф танхо нишон додани таьрихи ин минтакааст ва умед аз РО он аст ки инро чоп кунанду фаромушгарони таьрихи худ аккалан андакхам бошад бубинад ва ягон мазмуни сиеси ин матолиб надорад... Ва дар гузаштаву хозираву оянда мо сохибони гарби Чину Осиеи Миена ва Шарки дур хастем на ачнабиен хатто арабхову хиндухо хуни Форсу Точики ва Сугдиву Турки доранд Чи расад ба Чини Бостониву Чини пуркувати имруза яьне фарзандони Чини фарзандони мо низ хастанд, ба мисли оне, ки Аврупои шарки Ориеи начоданд чинихо низ Ориеи ва куриеи хастанд...
бисер мавзуи мухимро устод думболагири кардед ,мавзуи руз ,мавзуи гуфтани то хамаги бидонанд ки точикхо миллати аслии ин макону манзил,хитои агар таммадун мебуд хеч вакт мору каждум намехурд