Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" тими "Ал-Ҳилол"-и Саудиро шикаст дод ва ба ҷойи аввал баромад


Футболбозони дастаи "Истиқлол"

Дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дар бозии чаҳорумаш дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 дар гуруҳи "А" тими мизбон "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудй ва қаҳрамони пешинаи лигаро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Рақобати ду даста шаби 24-уми апрел дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор шуд.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 24-ум футболбози "Ал-Ҳилол" Бафетимби Гомис кушод ва дастаашро, ки соли 2019 қаҳрамони лига шуда буд, ба пеш бурд. Вале дар идомаи бозӣ футболбозони "Истиқлол", ки бори нахуст дар чунин рақобатҳо шркат мекунанд, дастаи рақибро водор карданд, ки чаҳор маротиба тӯбро аз дохили дарвозааш гирад.

Ду голи "Истиқлол"-ро Манучеҳр Ҷалилов (дақиқаҳои 39 ва 44, аз беруни майдони ҷаримавӣ) ва Манучеҳр Сафаров (дақиқаҳои 49 ва 52) ба самар расонданд.

Тими "Ал-Ҳилол" қаҳрамони секаратаи Лигаи қаҳрамонҳои AFC аст ва ғалабаи "Истиқлол" ба ин даста, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба истиқболи густарда рӯбарӯ шуд. Бо ғалаба ба "Ал-Ҳилол", дастаи "Истиқлол" дар ҷадвали мусобиқа дар гуруҳи "А" ба ҷойи аввал баромад, аммо акнун 7 хол дорад ва танҳо дастаҳое ба идомаи рақобатҳо роҳ меёбанд, ки 10 хол ба даст оранд.

Ин рақобати дувумини "Истиқлол" ва "Ал-Ҳилол" дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 аст. Дар рақобати аввали ду даста, ки 21-уми апрел баргузор шуд, тими "Истиқлол" аз дастаи мизбон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.

Дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 тими "Истиқлол" дар умум чаҳор бозӣ анҷом додааст. Қаблан қаҳрамони Тоҷикистон бозии даври аввалро дар гурӯҳи “А” бо бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар даври дувум бошгоҳи АГМК-и Узбекистонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда буд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи «А» дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ то рӯзи 30-юми апрел идома хоҳад кард. Ба ин гурӯҳ бошгоҳҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон), “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” (Имороти Муттаҳидаи Араб), “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва АГМК (Узбекистон) дохиланд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар ду минтақа – Ғарб ва Шарқ - дар даҳ гурӯҳ сурат гирифтааст. Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд ва нишондиҳандаҳояшон хубтар аст, дар даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 иштирок хоҳанд кард.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»

Даври 4-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 4:1

Голҳо: Бафетимбӣ Гомис, 24 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 44 (2:1). Манучеҳр Сафаров, 49 (3:1). Манучеҳр Сафаров, 53 (4:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов (Хуршед Ҷӯраев, 90+2), Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов (Рёта Нома, 79), Рустам Соиров (Ваҳдат Ханонов, 90+2), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»).

Огоҳӣ: Зоир Ҷӯрабоев, 90 («Истиқлол»).

Сардовар: Умар Муборак Ал-Яъқубӣ (Умон).

Нозири доварон: Саъд Ал-Фадҳлӣ (Кувайт).

Комиссари бозӣ: Башир Абдул Холиқ (Лубнон).

24-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи ба номи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – АГМК (Узбекистон) – 3:1

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

4

2

1

1

8-6

7

2

“Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ)

4

2

1

1

8-7

7

3

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

4

1

1

2

4-5

4

4

АГМК (Узбекистон)

4

1

1

2

7-9

4

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 5-ум

27-уми апрел (сешанбе)

АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – АГМК (Узбекистон)

Эзоҳ: бозиҳо соати 22:00 бо вақти Арабистони Саудӣ (соати 00:00 бо вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд ва варзишгоҳи ба номи Шоҳзода Файсал бин Фаҳди шаҳри Риёз шуруъ мешаванд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG