Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Истиқлол" бар АГМК-и Узбекистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё


Дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 дар гурӯҳи «А» бошгоҳи АГМК-и Узбекистонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард.

Бозӣ миёни қаҳрамони Тоҷикистон ва ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Узбекистон 18-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд, баргузор шуд.

Ду голи “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов. ба самар расониданд. Боз як голро легионери сербиягӣ Йован Ҷокич, бозигари АГМК, ба дарвозаи дастааш зад. Дар ҳайати АГМК ҳарду гол ба Зафар Полвонов марбут аст.

Зимнан, ин аввалин пирӯзии “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC ба шумор меравад. Қаблан қаҳрамони Тоҷикистон бозии даври аввалро дар гурӯҳи “А” бо бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби мусовӣ (0:0) анҷом дода буд.

Дар бозии дигари даври аввали гурӯҳи «А», ки ҳамзамон дар варзишгоҳи ба номи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд доир гардид, дастаи мизбон - «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ»-и Имороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали сабқати гурӯҳи “А” бошгоҳҳои “Ал-Ҳилол” ва “Истиқлол” бо чоримтиёзӣ пешсаф шуданд. АГМК ва “Шабоб Ал-Аҳлӣ” якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи «А» дар Арабистони Саудӣ то рӯзи 30-юми апрел идома хоҳад кард. Ба ин гурӯҳ бошгоҳҳои «Истиқлол»-и Душанбе (Тоҷикистон), “Шабоб Ал-Аҳлӣ”-и Дубай (Имороти Муттаҳидаи Араб), “Ал-Ҳилол”-и Риёз (Арабистони Саудӣ) ва АГМК-и Олмалиқ (Узбекистон) дохиланд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 қаҳрамони Тоҷикистон боз чор бозӣ анҷом медиҳад. Дар бозии севуми худ "Истиқлол" рӯзи чоршанбеи 21-уми апрел бо бошгоҳи «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) рақобат хоҳад кард.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар ду минтақа – Ғарб ва Шарқ - дар даҳ гурӯҳ сурат гирифтааст. Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд ва нишондиҳандаҳояшон хубтар аст, дар даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 иштирок хоҳанд кард.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»

Даври 2-юм

АГМК (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:3

Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 55 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 81 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳхр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Моҳд Амирул Изван (Малайзия).

Нозири доварон: Носир Ал-Ғаффорӣ (Урдун).

Комиссари бозӣ: Муним Фахурӣ (Урдун).

18-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Иморот) «Алилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

2

1

1

0

4-2

4

2

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

2

1

1

0

3-2

4

3

АГМК (Узбекистон)

2

0

1

1

4-5

1

4

«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (ИМА)

2

0

1

1

0-2

1

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 3-юм

21-уми апрел (чоршанбе)

АГМК (Узбекистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Иморот)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

24-уми апрел (шанбе)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Иморот) – АГМК (Узбекистон)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 5-ум

27-уми апрел (сешанбе)

АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Иморот) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Иморот)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – АГМК (Узбекистон)

XS
SM
MD
LG