Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cиёсатмадори зиндонии рус гуфтааст, ба гуруснанишинӣ хотима медиҳад


Алексей Навалний, сиёсатмадори зиндонии рус
Алексей Навалний, сиёсатмадори зиндонии рус

Алексей Навалний, танқидгари сиёсатҳои ҳукумати Русия гуфтааст, ки ба гуруснанишинӣ дар зиндон хотима медиҳад.

Рӯзи 31-уми март бо нишони эътироз, барои он ки табибонро ба табобаташ роҳ намедиҳанд, аз хурдани ғизо даст кашида буд. Ӯ гуфт, ҳоло табибонро ба наздаш роҳ додаанд.

Табибон гуфтаанд, ки ӯро муоина кардаанд ва тавсия додаанд, ки барои табобат ба беморхонаи муосири Маскав интиқол ёбад.

Онҳо саломатии Навалнийро даҳшатнок гуфтаанд ва таъкид кардаанд, ки агар табобат нашавад, мемирад.

Алексей Навалний, ки августи порсол дар минтақаи Сибир дар сафари корӣ қарор дошт, ҳангоми бозгашт ба Маскав дар дохили ҳавопаймо худро бад ҳис карду беҳуш шуд. Ҳавопаймо дар шаҳри Омск фуруд омад ва ӯро ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол доданд.

Баъди чанд рӯз ӯро барои наҷоти ҷонаш ба Олмон интиқол доданд ва дар он ҷо маълум шуд, ки ӯ бо заҳри низомии шӯравии “Новичок” заҳролуд карда шудааст.

Баъди бозгашт аз табобат моҳи январ Навалний боздошт ва дар нақзи ҳукми ҳабси шартии соли 2014-и додгоҳ гунаҳгор шуд. Оғози моҳи феврал ӯро ба 2,5 соли зиндон маҳкум карда ба маҳбас интиқол доданд.

XS
SM
MD
LG