Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин -- президентҳои Тоҷикистону Русия рӯзи 23-юми апрел дар бораи дар ояндаи наздик гузаронидани "амнистияи муҳоҷиратӣ" ва "зиёд кардани теъдоди парвозҳо" миёни ду кишвар, телефонӣ суҳбат кардаанд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар гуфтугӯи президентҳои ду кишвар ҳамчунин масъалаи бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои Русия матраҳ шудааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин тамоси телефонӣ ҳамзамон хостори ҳамкории ҷониби Русия ба хусус дар мубориза бо пандемияи ҳамагири КОВИД-19 шудааст.
Тамоси телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки Александр Горовой, муовини вазири корҳои дохилии Русия, рӯзи 16-уми апрел аз намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) хост, масъалаи будубоши ғайриқонунии муҳоҷиронашонро дар ин кишвар "ҳал кунанд". Ба қавли мақомоти Русия, феълан дар ҳудуди ин кишвар 247 ҳазор муҳоҷири тоҷик ғайриқонунӣ будубош доранд.
Бинобар пандемия парвози маъмулӣ миёни ду кишвар қатъ шуд ва бисёр хонаводаҳоро аз назари моливу иқтисодӣ дар ҳолати ногувор гузошт. Азсаргирии парвозҳо аз оғози моҳи апрели имсол дар самти Тоҷикистон-Русия ҳамоно бо шумори маҳдуд сурат мегирад ва билетҳо то тобистони имсол фурӯхта шудаанд.
Баста будани марзҳо дар як соли ахир ҳамчунин боиси банд мондани он донишҷӯёни тоҷик шуд, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд. Тӯли як соли охир, донишҷӯёни тоҷик маҷбур буданд, онлайн таҳсили худро дар донишгоҳҳои Русия идома диҳанд. Дар ин муддат бархе аз донишгоҳҳои Русия таҳдид карданд, ки агар донишҷӯён дар дарсҳо ҳузурӣ иштирок накунанд, ихроҷ мешаванд. Ин буд, ки донишҷӯёни тоҷик дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ ва Сафорати Русия дар Душанбе таҷаммуъ намуда, хостори ҳалли мушкилашон шуда буданд.
Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст ва маблағи фиристодаи онҳо барои иқтисоди Тоҷикистон муҳим хонда мешавад. Соли 2019 муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар фиристода буданд, ки тақрибан ба 30 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) дар Тоҷикистон баробар буд. Бонки Миллии Тоҷикистон чанд сол боз маблағи фиристодаи муҳоҷиронро пурар ифшо намекунад. Дар нишасти охири хабарии ин ниҳод гуфта шуд, андозаи пулҳои интиқолии муҳоҷирон дар соли 2020, бинобар пандемия, беш аз 6 дарсад коҳиш ёфт.